Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

         Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365 ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ҳудуди шаҳри Роғун як қатор корҳои санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) гузаронида шуданд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати ҷойдошта ба тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, идораҳои кории мавҷуда, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, корхонаҳои сохтмонии дар ҳудуди ҶСК НБО «Роғун» фаъолиятдошта мактуби расмӣ барои гузаронидани чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ ирсол карда шуданд. Тамоми ташкилоту муассисаҳо муваззаф гардиданд, ки талаботҳое, ки дар қарори сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2020, №102 «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ҷиҳати пешгирии воридшавӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, қатъиян риоя намоянд. Дар баробари ин, дар асоси амри мазкур қарори раиси шаҳри Роғун аз 6 апрели соли 2020, №125 Дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэдидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар шаҳри Роғун ба тасвиб расид, ки дар он 53 нафар аъзои ситоди корӣ мебошанд. Ситоди корӣ ҳафтае 2 маротиба дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳр гузаронида шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд. Илова бар ин, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз 7 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дода шудааст. Ҷаласаҳои ситоди корӣ бештар аз рӯи нақшаи тасдиқгардида фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Метавон қайд кард, ки то ин замон дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои ташкилотҳои сохтмонӣ, корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, таъминоти онҳо бо маводҳои аввалияи пешгирикунанда низ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 31 марти соли 2020 доир ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гуруҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудаанд. Гуруҳҳои корӣ ҳамзамон вазифадор гардиданд, ки вазъи бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Шуруъ аз 2 апрели соли ҷорӣ  корҳои таблиғотӣ пурзӯр карда шуд, ки дар онҳо роҳбари гуруҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Қудрат шомил буданд. Дар тамоми вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ нисбати тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои истиқоматию маъмурӣ, манзилҳои зист, риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии назди даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, кам намудани рафтуомад дар ҷойҳои серодам, назорати доимии кӯдакону наврасон дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар масъалаҳои зарурӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуданд. Қобили зикр аст, ки дар ин вохӯриҳо нисбати сафари кормандон ва шаҳрвандон ба хориҷи кишвар низ мавриди таъкид қарор гирифтанд.