Кумаки моддии Сарвари давлат ба шаҳри Роғун расид

          Бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон, нафароне, ки ба бемории сироятии коронавирус мубтало ва шахсоне, ки ба карантин фаро гирифта шудаанд, санаи 18 майи соли ҷорӣ бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат 7 адад мошини пурбор бо 40 тонна маводи озуқа ва доруворӣ ба маркази шаҳри Роғун ворид гардид. Сараввал табибон, мубталошудагон ва тамоми беморони дар карантин қарор дошта, бо маводи озуқаворӣ, аз  қабили орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз, марҷумак (гречка)  таъмин карда шуданд.

        Инчунин, ба табибони беморхонаҳои шаҳрӣ, минтақавӣ, маркази саломатӣ ва маркази санитарию эпидемиологӣ сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбоби муҳофизатӣ ва маводи  безараргардонии антисептикӣ кумак карда шуд. Аз ин ташаббуси наҷиб кормандони тиб ва беморон хушнуд гардида, ба роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос намуданд.

                                                                    Дар партави иқдоми  Сарвари давлат соҳибкорони шаҳри Роғун низ барои расонидани кумак ба кормандони беморхонаи марказӣ ва минтақавӣ бахусус шуъбаи сироятӣ саҳмгузор мебошанд. То имрӯз  бо кумаку дастгириҳои соҳибкорони маҳаллӣ 1 адад нақлиёти хизматӣ ба маблағи 80 000 сомонӣ ба беморхонаи марказӣ ворид карда шуда, дигар маводҳои зарурӣ аз қабили рахти хоб, курпаю болишт, рӯйпушҳо, маводҳои шӯянда, таҷҳизоти анҷоми ошхона ба шуъбаи сироятӣ бо маблағи 32,5 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст. Дар ин радиф  беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби Гарм бо ҷалби соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ  бо маблағи 383 ҳазор сомонӣ (147 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ва 236 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон) таъмири асосӣ карда шуд.  Илова бар ин, бо мақсади пурзӯр намудани омодагиҳо ба соҳаҳои тандурустии шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  беш аз 282,5 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 384,5 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ 667 ҳазор сомонӣ маблағ ба ин самт равона гардидааст. Дар баробари ин, соҳибкорон барои табибон маводҳои хурока, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб ва маводҳои антисептикиро дастрас намудаанд. Қобили зикр аст, ки ширкатҳои сохтмонӣ низ дар ин иқдомҳо ширкат доранд. 

 

 

 

 

 

 

                                                                                                           Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

                                                                                                                                                                          ва робита ҷомеа Худойдодов А.Н.