БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

Дар натиҷаи сиёсати созандаи давату Ҳукумати мамлакат ва саъю талошҳои пайвастаи раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло пешрафти босуботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр таъмин гардида, сатҳу сифати ҳаёту рӯзгори мардум зина ба зина боло рафта истодааст.

Бахшида  ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, бо иштироки  намояндаи Ҳукумати мамлакат,  раиси шаҳри Роғун ва дигар намояндагони касбу кори гуногун дар  ҷамоати шаҳраки оби Гарм  муассисаи давлатии таълимии томактабии №2  бо номи  «Дурахшон»  барои 41 нафар кӯдак, ки бино дорои утоқи роҳбар, утоқи мураббияҳо, як ошхона, як толори бозӣ ва  майдончаи бозии беруна, инчунин  бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ковокдараи ҷамоати Оби Гарм  ба истифода дода шуда ба фаъолият оғоз намуданд.

 

                                                                                                 Шоира Раҷабалиева

“Нури Роғун”