Санаҳои 18-19 уми апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, Ҳисориён Зафар, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ; Сафарзода Бахтибек – прокурори шаҳри Роғун, Акобирзода Дилшод-сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Назарзода Икром- сардори шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Маҳмадалиев Диловар – сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Шарифзода Саидхоҷа –судияи суди шаҳри Роғун, Абдуллоев Сироҷиддин –комиссари ҳарбии шаҳри Роғун, Қосимзода Нусратулло- раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун ва дигарон дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ҷиҳати ободонию бунёдкорӣ, тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии шаҳрвандон, нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар нуқтаҳои муҳими суханронии Пешвои муаззами миллат, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои доғи рӯз бо раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва сокинони минтақаи Шер Аваз, деҳоти Қалъаи нав, Чашмаи Куллои ҷамоати деҳоти Қади об ва сокинони ҷамоати шаҳраки Оби гарм вохӯрии судманд анҷом дод.

Добавить комментарий