Вохӯриҳо оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун
Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, нақшаи гузаронидани вохӯриҳои раиси шаҳр ва гурӯҳи кории таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолии қаламрави шаҳр таҳия ва тасдиқ гардида, вохӯриҳо аз санаи 16 январи соли 2023 оғоз гардида, дар 32 мавзеи қаламрави шаҳр гузаронида мешаванд.
Вобаста ба ин, санаи 17 январи соли ҷорӣ соати 1000 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохурӣ доир гардида, дар вохӯрӣ истиқоматкунандагони қисмати болоӣ ва поёнии шаҳр, роҳбарон ва кормандони муассисаву ташкилотҳо, соҳибкорон ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини якуми раиси шаҳр кушода, сипас, Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло баромад намуда, сараввал оид ба дастовардҳо ва комёбиҳои шаҳри Роғун дар ҳама самт ёдовар шуданд. Ҳамзамон баён доштанд, ки тавре дар паём ироа гардид, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллард ба 115 миллард сомонӣ расидааст ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Бо ин мақсад, ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025” таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 12 апрели соли 2021, №72 тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он 88 лоиҳаи рушди хоҷагии халқ ба маблағи 204,8 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, рафти иҷрои лоиҳаҳои барномаи рушд нишон дод, ки дар давоми солҳои сипаригардида 32 лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 36 фоизи лоиҳаҳо мавриди иҷроиш қарор дода шуд, ки ин нишондод азхудкунии 20,7 млн. сомониро дар бар мегирад. Аз ин 2,2 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ, 3,8 млн. сомонӣ буҷети маҳаллӣ, 50,0 ҳазор сомонӣ буҷети ҷумҳуриявӣ ва 14,6 млн. сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мебошад.
Инчунин, Раиси шаҳр дар баромади хеш оид ба ҳама самтҳои дар паём зикргардида сухан намуда, ҳозиринро барои саҳм гузоштан дар таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатпарварӣ, ободиву зебоии деҳоту шаҳр ва дигар масъалаҳои муҳим, ки дар Паём ироа гардид, даъват намуданд.
Сипас, прокурори шаҳри Роғун Қосимзода Хайриддин Шариф баромад намуда , иброз доштанд, ки чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.
Ҳамчунин, баён доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.
Ҳамзамон, мудири маориф дар шаҳри Роғун оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳр ва масъалаҳои дар паём зикргардида суханронӣ намуданд.
Дар охир, муовини якуми раиси шаҳр Файззода Раҳматулло бо сухани хотимавӣ баён доштанд, ки вохӯриҳо оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дошта, ҳамарӯза дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот боиштироки аҳолии қаламрави шаҳр баргузор мегардад.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий