Вохӯрии муовини якуми  директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоншо Мирзоён бо фаъолони шаҳр

       Санаи 20 январи соли ҷорӣ муовини якуми  директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоншо Мирзоён бобати расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Бо ин мақсад бо роҳбарону кормандони  ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳр соҳибкорон ва сокинони шаҳр вохӯрӣ доир гардид.

         Дар вохӯрӣ сараввал Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло сухан намуда, меҳмони гиромиқадрро  аз номи ҳозирин ва кулли сокинони Роғуншаҳр хайрамақдам гуфтанд.

         Сипас, муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт Раҳмоншо Мирзоён баромад намуда, фишурдаҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми ҳозирин расониданд. Ҳамзамон, бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2022   оид ба таҳлилу баррасӣ қарор додани ҳисоботҳои  раисони  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2022, ки ҷиҳати  баррасӣ ва ҳалли мушкилоти  дар маҳал мавҷуда пеш аз ҳама  бо ҷалби  соҳибкорон, шахсони ватандӯсту эҳсонкор андешидани тадбирҳои амалӣ  баён доштанд, сухан намуда барои ҳалли ин мушкилотҳо ва дар амал татбиқ намудани онҳо баҳсу муҳокимарониҳо қарор гирифт.

    

Дар охир, Раиси шаҳр  баён доштанд, ки мо шуморо бовар мекунонем, ки ҳайати кормандони  дастгоҳи раиси шаҳр ва  тамоми роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр  барои иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ ва саривақтиро роҳандозӣ менамоем.  

         Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                        Раҷабалиева Шоира