Барқияи табрикотии Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ба кормандони КДАМ дар шаҳри Роғун ба муносибати рӯзи таъсисёбии мақомоти амнияти миллии кишвар
МУҲТАРАМ КОРМАНДОНИ ШӮЪБАИ КДАМ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Шуморо ба муносибати рӯзи таъсисёбии мақомоти амнияти миллии кишвар, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, бароятон хонаободӣ, сарбаландӣ ва хушиҳои ҳаётро хохонам.
Мақомоти амнияти миллӣ дар давоми фаъолияти худ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бо хоинону душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият хизматҳои шоистае намуда, кормандони шуҷоъ ва сарсупурдаи он шабу рӯз барои таъмини суботу амнияти мо заҳмат мекашанд.
Бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ базаи моддиву техникии ин мақомот рӯз то рӯз беҳтар гардида, дар сафҳои он шахсони содиқу ватандӯст ва меҳанпараст ҷо гирифта истодаанд.
Дар ин рӯзи саид мо бояд хотираи онҳоеро, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарини таърихи миллат ва рӯзҳои тақдирсоз ҷони азизи худро барои имрӯзи саодатманди мо қурбон намудаанд, ба некӣ ёд кунем. Як зумра кормандони мақомоти амнияти миллии шаҳр дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб синаи худро сипар намуда, ба муқобили гуруҳҳои сияҳкору аҳриманӣ муборизаи беамон бурданд ва дар он рӯзҳои наҳсу ноумедӣ барои имрӯзи осудаи мо ҷоннисориҳо намуданд.
Корнамоии онҳо барои наслҳои ҷавон намунаи ибрат ва мояи ифтихору шарафмандист.
Рӯзи таъсисёбии мақомоти амнияти миллии мамлакатро бори дигар ба Шумо ва кормандони ин мақомоти бонуфуз сидқан табрику шодбош гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, садоқат ба халқу давлат ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар барору кушоишро хоҳонам.
Рӯзи таъсисёбии мақомоти амнияти миллӣ муборак!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Роғун С. Саидзода
Добавить комментарий