Иҷлосияи понздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати шашум
Санаи 30 декабри соли 2022 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Роғун Иҷлосияи понздаҳуми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум баргузор гардид, ки дар маҷлис Раиси шаҳри Роғун, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.
Ҷаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.
- «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва ва иқтисодии шаҳри Роғун дар соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2023»
- «Дар бораи тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети маҳаллии шаҳр барои соли 2023»;
- «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Роғун»;
- «Дар бораи ҳолати риояи қонунгузории замин дар ҳудуди шаҳри Роғун ва андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ бобати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт»;
- «Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барои соли 2023»;
- «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия».
Иҷлосияи навбатиро раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Саидзода С. бо таклифи вакилон кушода, бо пешниҳоди вакил аз ҳавзаи интихоботии №30 Лашкарзода А. ба ҳайати котибот 2 нафар пешбарӣ гардида, аз ҷониби вакилон таклиф қабул карда шуд. Ҳамзамон рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум аз ҷониби раиси Маҷлис ба овоз монда шуда, лоиҳаи қарорҳои котиботи иҷлосия ва рӯзнома қабул гардид.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло “Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Роғун дар соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2023» ба Иҷлосияи ҷамъбастӣ, ки 5 январ дар назар аст, гузаронида шуд. Аз ҷониби раиси Маҷлис пешниҳод лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз ҷониби вакилон қарор қабул гардид.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети маҳаллии шаҳр барои соли 2023» ҳисоботи и.в. сардори Раёсати молия Ҷӯраев Г. шунида шуд. Сардори Нозироти андоз Собирзода Ш. ба музокира баромада, сабабҳои ноиҷро мондани баъзе намудҳои андозҳоро шарҳ доданд.
Ҳамин тариқ, масъулин аз рӯи масъалаҳои ҷаласа баромад намуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба вусъати корҳои ободонӣ, ҷалби мардум ба созандагӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ корҳо ҷоннок карда шаванд.
Раиси шаҳр Саидзода С. ба вакилон ва масъулин оид ба тоза намудани гирду атрофи биноҳо ва тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр супоришҳои иловагӣ дода шуд. Бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонид.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Ш.
Добавить комментарий