Кумакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернат ва хонаи бачагони шаҳри Роғун

   26  декабри соли равон дар доираи таҷлили  Соли нави мелодии  2023  ба  70 нафар  тарбиятгирандагони  мактаб-интернати №4 ва Хонаи бачагони шаҳри Роғун  аз ҷониби   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сару либоси  зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ   тақдим карда шуд. Ҳамчунин  дар партави дастуру роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси шаҳри Роғун  Саидзода Сунъатулло аз ҷониби   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, тамоми ташкилоту корхонаҳои дар шаҳр амалкунанда, инчунин ширкатҳои дар НБО-ии Роғун фаъолияткунанда   кумакҳои яквақтаина  ба монанди маводҳои хӯрока,  туҳфаҳои солинавӣ, маводҳои захиравӣ барои зимистонгузаронӣ ва  курпаю адиёлҳо  барои рахти хоби кудакон   расонида шуд.

         Дар маросими  супоридани туҳфаҳои Пешвои миллат  сардори Раёсати кор бо мақомоти  идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабиён   ва муовини вазири маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулзода Зиёдулло иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамеша ба ин қишри ҷомеа  таваҷҷуҳи махсус дошта кумакҳою дастгириҳои хешро дареғ намедорад.

Қайд карда шуд, ки  ҷавобан ба ғамхориҳои  Пешвои миллат шумо  наврасон танҳо пайгири роҳи илму дониш бошед, зеро ояндаю ояндасози  давлату миллат шумо мебошед. Хонандагон низ бо садои баланд баҳри ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   изҳори сипос намуда, ҳозиринро бовар кунониданд, ки  эҳсонкорию хайрхоҳии Ҷаноби Олиро беҷавоб нахоҳанд гузошт.

         Ҳамзамон,  баҳри таълимгирандагони ин даргоҳ дастархони идона ороста  шуда,   чорабинии фарҳангии  санъаткорони бахши фарҳанг бо созу навои худ  таъби ҳозиринро болида  гардониданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                  Раҷабалиева Шоира