РОҒУН МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

       Маълумотҳои таърихӣ. Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии шаҳр 661 км2-ро ташкил дода, бо ноҳияи Файзобод, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Балҷувон ҳамсарҳад аст. Масофа аз маркази шаҳр то шаҳри Душанбе 110 км ташкил медиҳад.  

       Шаҳри Роғун 0,5 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳуриро ташкил дода,  ба ҳайати он 3 ҷамоат шомиланд: шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об ва деҳоти Сичароғ. 

         Бо дар назардошти он, ки соли 1976 сохтмони НБО-и азими Роғун оғоз гардида буд, 25 декабри соли 1986 шаҳрчаи сохтмончиён бо номи Роғун ташкил гардида, шаҳраки Оби Гарм ҳамчун ҷамоат дар ҳайати он ворид шуд.

        Бозёфти олоту асбобҳои қадима аз ҷониби шаҳрвандон ва номи қадимаи баъзе деҳаҳо (Камари Муғул, Қалъаи Кофар) гувоҳи он мебошанд, ки диёри имрӯзаи Роғун таърихи қадима дорад.  Дар ибтидои таъсисёбиаш шаҳр ҳамчун ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ном дошт, ки он шӯрои ҷамоат ва деҳаҳоро дар бар мегирифт.

      Шароит ва захираҳои табииву иқлимӣ. Минтақаи кӯҳии шаҳри Роғунро аз қисмати шарқӣ-қаторкӯҳҳои Қаротегин ё худ қаторкӯҳҳои Дарвоз ва аз қисмати ҷанубӣ бошад, сурхкӯҳи ноҳияи Файзобод иҳота намудааст. Маркази шаҳр дар баландии 1460 метр аз сатҳи баҳр қарор орад. Баландии қаторкӯҳҳо 3000-3500 метрро ташкил медиҳад. Дар минтақа иқлими муътадил ҳукмфармост. Ҳарорати ҳаво зимистон ба ҳисоби миёна -5-15 С0, дар баландкӯҳҳо-10 то -20 С0, хунук ва тобистон аз +20 С0 то +35 С0 гарм мешавад. Миқдори боришот баҳисоби миёна 700-1200 миллиметрро ташкил медиҳад. Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз тарафи шимол ва ҷанубу шарқ бод бо суръати баланд мевазад. Иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имкон медиҳанд, ки соҳаҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ рушду нумӯ кунанд.  Дар қаламрави шаҳр  себ, тут, чормағз, зардолу, нок ва ангур парвариш карда мешаванд. Ҳамзамон дар миқёси шаҳри Роғун обҳои шифобахши табии мавҷуданд, ки дар заминаи онҳо аз соли 1947 осоишгоҳи Оби Гарм фаъолият дорад. Оби маъдании осоишгоҳи Оби Гарм барои муолиҷаи бемориҳои асаб, рагу пой, пӯст, гурда, ҷигар, касалиҳои занона, радикулит, остеохондроз ва ғайра шифо мебахшад.

        Олами набототи шаҳр бағоят ғанист. Дар минтақаи кӯҳӣ растаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Дар қисмати талу тепаҳо бошад, дарахтҳои пиставу бодом, буттаи дӯлона, дарахти  себ, анҷир, олуча, гелос, нок, арғувон, арча, бушол, заранг, фарк, бушол, ирғай, чинор, тӯғ, санҷид, сафедор, настаран, зирк ва ғайраҳо   мерӯянд. Дар баландиҳои аз 3500 метр марғзорҳо мавҷуданд. Доманакуҳҳои шарқи чашмаҳои гарм доранд.

        Шаҳри Роғун аз канданиҳои фоиданок низ бой аст. Мавҷудияти чунин сарватҳои табии аз ҷумла намак, ангиштсанг, мармар, сурма, мис, биринҷ ва дигар фулузоти нодир мебошанд.

     Вазъи демографии шаҳр. То 1 июли соли 2022 аҳолии шаҳри Роғун 46,576 нафар ё 0,4% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр 23,240 нафар занҳо 49,1% ва 23,336 нафар мардҳо 50,8% ташкил медиҳад. Ҷавонон 16625  нафар буда, 35,6% аҳолии шаҳро ташкил медиҳанд. Шаҳр аз рӯи хусусияташ аграрию саноатӣ буда, 64,8 % аҳолӣ дар деҳот ва 35,2% онҳо дар шаҳр истиқомат менамоянд.

       Аз рӯи имкониятҳои бузурги табии ва фарҳангию таърихӣ шаҳри Роғун барои рушди сайёҳӣ мусоид аст.  Минтақаҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзори Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун барои сайёҳии табобатӣ, куҳнавардӣ ва пиёдагардӣ хеле мусоид аст. Масофаи роҳ аз шаҳри Роғун ба деҳаи Фаррух 15 км, Ғашён 30 км, Ёнахш 38 км ва Марғзор бошад беш аз 40 км-ро дар бар мегирад. Қад-қади роҳ алафҳои худрӯйи табии рӯйида, беш аз 5 чашмаҳои мусаффо аз қаъри куҳ ва талу теппаҳо ҷорӣ мешаванд.  Деҳаи Ғашён нисбат ба деҳаи Ёнахш бартариаш дар он аст, ки ба маркази деҳа оби чашмасори софу тоза ҷорӣ мешавад, ки оби деҳа барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, картошкапарварӣ, зироатҳои техникӣ ва рушди соҳаи чорвопарварӣ мусоид мебошад.

    

  Деҳаро аз чор тарафаш куҳҳои осмонбус иҳота кардааст. Истиқоматкунандагони ин деҳа хусусиятҳои хоси сайёҳии мавзеъи Ёнахшро хуб дарк карда, дар ин мавзеъ хонаи қабули сайёҳонро бо номи «Сайр» мавриди истифода қарор додаанд. Меҳмонхонаи «Сайр» аз се утоқи хурди дамгирӣ, ошхона ва ҳамоми буғӣ иборат мебошад.  Масофаи байни деҳаи Ёнахш то мавзеи Марғзор беш аз 5 км роҳро дар бар мегирад. Мавзеи Марғзор аз рӯи имкониятҳои табиӣ барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст. Дар қисмати ҳамвории собиқ деҳаи Марғзор ду кулли қамишзори табиӣ мавҷуд буда, аз моҳҳои май то сентябр барои истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад.  Дар қисмати болоии ҳавзҳои мавзеи Марғзор  тахминан 1 км роҳ аз қаъри куҳ дарёчаи оби софи хунук аз назди дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва гиёҳҳои шифобахш ҷорӣ мешавад.  Дар оянда ҳавзҳои табиӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ имконияти хеле хуб ва манфиатовар мебошад.

 Бодарназардошти аҳамияти таърихӣ доштани деҳаҳои мазкур, табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, мева ва ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ низ мавҷуд аст. Аз ҷумла бузи сайд, хирс, хук, ҷайра, сангпушти куҳӣ, санҷоб, харгуш, заргуш, гург, рӯбоҳ, шағол ва аз хазандаҳо якчанд навъи мор, калтакелос ва дигар ҳашаротҳо дар дашту даман ва куҳҳои ин мавзеъҳо во хурдан мумкин аст.

       Рушди соҳаи сайёҳӣ. Бо мақсади рушди ин соҳа аз тарафи шаҳрдорӣ як қатор инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла бунёд, таъмир ва таҷдиди як қатор осоишгоҳҳо натиҷаи пешравӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошанд.

       Дар ҳамин давра осоишгоҳи “Шоиста”  бунёд гардид, ки аз 4 ҳавзи табобатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо иборат буда, ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавогӯй мебошад. Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорон  дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 осоишгоҳ дар ҷамоати шаҳраки Оби гарм  ва 1 ҳамом дар маркази шаҳри Роғун  ба истифода  дода  шуд, ки ин ҳам бошад барои рушду нумуи шаҳр нақши беандоза дорад. Илова бар ин, равшаннамоии биноҳои бисёрошёна, биноҳои маъмурию маишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҳусни шаҳрро бозҳам зеботар мегардаонад.

     

 Чунин корҳои ободонию бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аҳолӣ бахусус сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Шоми Роғун бори дигар исбот менамояд, ки равшании фардои дурахшони миллат аз ояндаи нури Роғун вобастагӣ дорад.

       Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳр ташаббусҳои судманд роҳандозӣ гардид, ки он ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

     

  Дар робита ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №270 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои солҳои 2019-2022” як зумра тадбирҳо дар шаҳр дар самти сайёҳӣ роҳандозӣ гардиданд.

       Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Қарори раиси шаҳри Роғун аз 19 июли соли 2019, №227 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022 ба тавсиб расидааст, ки тамоми самтҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Роғунро вобаста ба имкониятҳои мавҷуда фаро гирифтааст. Хусусан имкониятҳои шаҳри Роғунро ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таҳлил намуда, хулоса карда метавонем, ки баъд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» инфрастохтори сайёҳӣ бахусус дар самтҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табиию экалогӣ, куҳнавардӣ ва табобатию истироҳатӣ барои ҷалби сайёҳон ба зинаи нави рушд ворид гардид.

       Дар ҳудуди шаҳри Роғун зиёда аз 30 адад мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 73 адад инфрасохтори хизматрасонӣ муайян карда шудааст, аз ҷумла 4 адад гӯшаи ҳунархои мардумӣ, 13 адад коргоҳои ҳунарҳои мардумии кандакорӣ (оҳангарӣ, табақтарошӣ, дутортарошӣ, сабадбофӣ, қарамадӯзӣ, ҷиҳози занона ва ғайрахо), 4 адад меҳмонхона, 5 адад тарабхонаи замонавӣ, 7 адад осоишгоҳ 26 адад ошхонаҳо, 3 нуқтаи обҳои шифобахш, 5 адад истгоҳҳои замонавӣ, 5 адад хоҷатхонаҳо дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд мебошад.

       Дар шаҳри Роғун 14 муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷумла 8-адад китобхона, 1 осорхона, 2 хонаи фарҳанг, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 1 қасри фарҳанг фаъолият менамояд.

   Бо мақсади ташвиқи имкониятҳои соҳаи сайёҳии шаҳри Роғун, ба ин васила муаррифии имкониятхои сайёҳии шаҳр ба сайёҳони дохилию хориҷӣ  сомонаи сайёҳии шаҳр (www.roguntour.tj) таъсис дода шуда, тавассути он ва дигар шабакаҳои интернетии дахлдори соҳа даҳо ҳазор нафар аз имкониятҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои табиию фарҳангии шаҳр дидан кардаанд.

   

  Аз ҷониби масъулини соҳа 3 маротба семинари омӯзишӣ бо фарогирии ҷавонон, масъулини марказҳои хизматрасонии шаҳр дар мавзӯи “Рушд ва имкониятҳои соҳаи сайёҳии дар шаҳри Роғун” бо иштироки намояндагон аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон доир гардидааст.           Аз рӯи хусусиятҳои таърихию фарҳангӣ минтақаҳои ҳудуди шаҳр, аз ҷумла обанбори “НБО Роғун”, гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, Куҳи Яхдон, Хазинаи Акаҷонбой, Гули Сурх, Луғур, Ёнахш, Марғзор ва боғҳои фарҳангӣ ҳамчун хатсайрҳои сайёҳӣ муайян шудааст.

       Ҷиҳати таблиғи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғун бошад, аз ҷониби масъулини соҳа буклетҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расонида шуда, бобати ҷалби бештари сайёҳон дар марказҳои хизматрасонии назди шоҳроҳ, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои савдо, осоишгоҳҳо дастрас карда шудааст.                           Осоишгоҳҳо дар шаҳри Рогун ба таври мунтазам фаъолият намуда. ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ менамяонд. Дар худуди шаҳри Роғун 4 меҳмонхона ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ менамояд. Дар шаҳр 5 тарабхона ва як қаҳвахона бо таомҳои миллӣ ва аврупоӣ хизматрасонӣ анҷом медиҳанд.

         Дар маҷмӯъ дар доираи нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур аз ҷониби масъулини соҳаи сайёҳи дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории назди мақомоти шаҳрдорӣ 132 чорабиниҳо ба монандаи  суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, семинар машваратҳо, аксияҳо, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, ташкили меҳмонии ҷавонони шаҳри Роғун ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, қабули меҳмонону ҷавонон ба шаҳри Роғун ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидааст.

 Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ имкон медиҳад, ки занону духтарони бе шуғл ба корҳои хонагӣ машғул шуда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаши мизоҷон гардонанд. Сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун яке аз иншоотҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мегаваттро дар бар мегирад. Ин иншооти бузурги аср дар оянда барои рушди соҳаи туризм аҳамияти  аввалиндараҷа дорад. Обанбори ин нерӯгоҳ ҳамчун мавзеъи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд карданд, ки нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Чун ки «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли нерӯ ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург дорад.

  Дар баробари ин, нерӯгоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст. Таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.

         Албатта бо мақсади пешрафти соҳаи саноат сохтмони иншоотҳои гуногуни соҳаи ҳаётан муҳим идома дорад, ки дар рушди минбаъдаи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Яке аз ин иншоотҳои тақдирсоз НБО Роғун буда, бунёди он бо маром идома дорад. Албатта бо бунёди неругоҳи мазкур, шароити рушду инкишофи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ муҳаё мегардад. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти обанбори неругоҳи барқи обии Роғун ҳамзамон сайёҳии экологӣ низ рушд менамояд.

         Бо иқдому талошҳои пайвастаи масъулини соҳа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва дастгириҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар арафаи таҷлили сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №441 “Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун” ба тасвиб расид, ки барои мо масъулин дастоварди назаррас ба ҳисоб рафта, албатта барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр ва ҳамчун минтақаи сайёҳӣ рушд кардани Роғун минбаъд такони ҷиддӣ мебахшад.

       Дар робита ба татбиқи қарори мазкур, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чораҳои дахлдор андешида шуда, қарори раиси шаҳри Роғун аз 04 октябри соли 2022, №188 “Дар бораи таъсиси гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун” бо ҳайати масъулини дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ қабул шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои он ҷаласаҳои гуруҳи корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мунтазам доир мегардад.  Ҳамзамон бо мақсади таҳияи лоиҳаи барномаи болозикр бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси гуруҳи кории байниидоравӣ тадбирҳои судманд андешида шудааст.   

Баҳром Шарафзода, Муовини раиси шаҳри Роғун