Паёми табрикоти раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ба муносибати 28-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 Ҳамдиёрони азиз!                                        

    Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубамон 28-умин солгарди ин муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқиро истиқбол мегирем.

   Ба ифтихори таҷлили ин санаи таърихӣ сокинони шарафманди шаҳри Роғунро табрик гуфта, ба хонадонатон баракату осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва суботу оромӣ орзу менамоям.

  Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳу назари некбинонаю башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд.

   Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки онҳо дар пойдории рукнҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳокимияти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва тақвияти раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд замина ва зербинои мустаҳкам гузоштааст.

 Ҳамасола мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани ҳуҷҷати сарнавиштсози худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд.

  Боиси хушнудист, ки имсол Рӯзи Конститутсия  ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз чанд рӯзи башумор мардуми шарафманди кишвар онро ҷашн мегиранд, рост меояд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд дода таъкид намуданд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад»

   Қабули конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

  Муҳимтарин хулосаи дигар ин аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Дигаргуниҳое, ки тули 28 соли охир дар мамлакат сурат гирифт, хеле зиёд буда, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи Конститутсионӣ дар мамлакат ба амал оварданаш ғайриимкон буд.

 Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлат ва ба танзимдароварандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳимоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

    Қобили қайд аст, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омӯзиши тамоми  сокинони ҷомеа қарор гирад  ва мо пеш аз ҳама насли ҷавонро бештар дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, хештаншиносию огоҳ будан аз ин қонуни асосӣ тарбия намоем. Зеро ҷавонон ояндаи миллату давлатамон маҳсуб меёбанд.

    Бо чунин нияту орзӯҳои нек бори дигар ҳамдиёрони азаиз ва сокинони сарбаланди шаҳри нурофари Роғунро ба муносибати 28-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, ба  хонадонатон саодати  рӯзгор, ҳамзамон ба кишвари азизамон сулҳу суботи доимӣ ва  пешрафти рузафзунро таманно менамоям.

 Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз, иди бахтномаи миллии Тоҷикистон муборак бошад!