Таҷлили рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Роғун

    14 –уми ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ба муносибати Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии  тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинии таърихӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метолоргия,сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати мамлакат, Мирзоён Раҳмоншо, раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарону кормандони тамоми муассисаву ташкилотҳо иштирок доштанд.  Чорабинии мазкур   бо садо додани  суруди миллӣ оғоз гардида,  баъдан табрикоти Раиси шаҳри Роғун, муҳтарам Саидзода Сунъатулло ба самъи ҳозирин расонида шуд.               Раиси шаҳр зимни  суханронӣ  нақши Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олиро дар қисмату ҳаёти миллати тоҷик ва хизматҳои шоёни Президенти мардумии миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарору бунёди  давлати навини тоҷикон, баён дошта, аз ҷумла қайд намуданд; ки «Тирамоҳи соли 1992 баҳри барқарор кардани сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ вакилони мардумӣ аз саросари кишвар барои баргузор намудани Иҷлосияи XVI  ба Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд омаданд. Кори Иҷлосияи аз 16 ноябр то 2 декабр давом кард ва роҳи наҷоту эҳёи давлатдории нави миллиро ҳамвор сохт…».              

         Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

        Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.

        Таърих шоҳид аст, ки дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».

        Муроҷиати Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олиро халқ то ба хол дар ёд дорад, ки гуфта буданд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».  

      Фарзонафарзанди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳамчун меъмор пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузоранд.  

       Иброз гардид, ки Пешвои  муаззами  миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  заҳматҳои   шабонарӯзӣ  ва  созандагию  бунёдкориашон  ифтихори  миллат,  поягузори  сулҳу  ваҳдат  ва  меъмори  давлати  навини  тоҷикон  гардидаанд,   ки  бо  матонату  диловарӣ   тавонистанд  миллати  тоҷикро  аз  вартаи  ҳалокат  раҳо  намоянд.”

       Ҳамин тавр Раиси шаҳр бо ба ёд овардани хизматҳои шоён, ҷоннисориҳо дар роҳи эҳёи миллату давлат, сулҳу субот, озодию ободӣ, созандагию бунёдгузории Пешвои муаззами миллат,  Рӯзи хуҷастаи Президент ва санаи тақдирсози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба  мардуми сарбаланди шаҳри Роғун ва тамоми миллати тоҷик, табрику муборакбод  намуданд.  

   Раиси шаҳр инчунин,  барои пойдорию устувории сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, тенҷию амонӣ, ободию гулгулшукуфтанҳои Ватан, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои     шабонарӯзии кашидаи Пешвои муаззами миллатанд, даъват ба амал оварданд,   ки мо бояд баҳри ҳимояи ин муқаддасот ва арзишҳои доштаамон доимо дар саъю талош бошем.  Дар охир орзу намуданд, ки  Ватани  азизи  мо  хонаи  умеди  тамоми тоҷикони  дунё  таҳти  Сарварии  Пешвои  муаззами  миллат,   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  боз  ҳам  ободу зеботар  гардад  ва  хуршеди  бахти  давлати  соҳибистиқлоли  мо  то  абад  нурбахши  ҳар  як  хонадони  кишвар  бошад.

     Баъд аз суханронии Раиси шаҳри Роғун, намояндаи Ҳукумати мамлакат ба сухан баромада, гуфтаҳои раиси шаҳрро тақвият бахшиданд ва  аз солҳои вазнину душвори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, аз нишастагон даъват ба амал оварданд, ки баҳрии пойдорию устувории сулҳу субот, тенҷию амонӣ ваҳдату ягонагӣ ва дӯстию рафоқат ҳамеша кушишу талош намуда, он рӯзҳои мудҳиши хунрезию ғоратгарӣ ва гуруснагию қашшоқиро ҳар чи бештар ба ҷавонон гушрас намоянд ва нагузоранд, ки ҷавонон фирефтаи иғвою дасисаҳои душманони миллат гардида ба ҳаёти осудаю ороми миллати тоҷик хатар эҷод намоянд. Ҳамеша ҳушёру зиракиро аз даст надода, арзишҳои доштаи хешро муқаддас бояд дошт, иброз намуданд, намояндаи Ҳукумати кишвар Мирзоён Раҳмоншо. 

     Дар қисмати тантанавии чорабинӣ, як қатор фаъолони соҳаҳои гуногун инчунин соҳибкороне, ки дар рушду нумӯъ ва ободию пешравии шаҳр ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сарфароз гардонида шуданд.

      Ҳамчунин, соҳибкори муваффақ  Давлатов Шерзод, баҳри саҳми намоён гузоштан  дар бунёдгузрию ободонии шаҳр бо “Шаҳодатномаи шаҳрванди фахрӣ”-и шаҳр мукофотонида шуд.

   

 Кисмати фарҳангии чорабинии мазкур, бо барномаи театркунонидашудаи бахши фарҳанг дар  Ⱪасри фарҳанги шаҳри Роғун баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр бо намояндаи ҳукумати мамлакат, муовинон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок карданд.

Зебо Давлатова