РӮЗИ ДОНИШ-ДАРСИ СУЛҲ
Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!
Санаи 1-уми сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакатамон, аз ҷумла шаҳри Роғун соли нави таҳсил оғоз ёфт. Муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун, ки омодаи қабули хонандагон гардидаанд, дари худро барои таълимгирандагон кушод ва барои ин ғунчаҳои боғи дониш, даври илмомӯзӣ шурӯъ гардид.
Мактаб- ин даргоҳи муқаддас барои инсони комил шудан ва дар зиндагӣ ба сӯйи пешравию комёбиҳои беназир ноил гардидан ба ҳар як нафар заминаи устувор мегузорад. Ҳар нафари соҳибмаърифат, ки дорои хислатҳои наҷиби инсонист ва бо кирдору рафтораш дар ҳаёту зиндагӣ намунаи ибрат аст, аз таълиму тарбияи ин даргоҳ хуб баҳравар гардидааст .
Имрӯз мо ҳамватанон шукрона аз он дорем, ки дар фазои орому осудаи Ватани азизамон осуда ва тенҷу ором умр ба сар бурда истодаем, ки ин бахти баланд барои ҳар як миллату давлат аз доштани сулҳу амонӣ дарак медиҳад ва мо шукрона мекунем, ки ин неъмати бебаҳоро соҳиб ҳастем.
Чун рамзи озодию осоиштагӣ соли хониш дар макотиби кишвар бо дарси сулҳ оғоз меёбад.
Соли нави таҳсил бо чорабинии «Садои занги аввал» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 2, бо иштироки Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовини раиси шаҳр Мусозода П, пракрори шаҳри Роғун Ⱪосимзода Х.Ш, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар кормандони касбу кори гуногуни МИҲД-и шаҳри Роғун шурӯъ гардид, ки Раиси шаҳр бо сухани табрикотӣ тамоми хонандагон омӯзгорон ва падару модарони ин даргоҳ ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорону хонандагон ва падару модарони шаҳрро ба фаро расидани соли нави хониш табрик ва муборакбод намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору таҳсил ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани иншооти таълимиву маъмурии он имрӯз биноҳои нави муассисаҳои таълимиро, ки бо техникаву технологияи навтарин муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, сохта ба истифода медиҳад. Мо, мардуми тоҷик алалхусус, омузгорону волидонро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳаё гардонидани тамоми шароитҳо баҳри таҳсили фарзандонамон, тамоми саъю талошамонро баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли ояндаи кишвар равона созем ва барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надорем…
Ҷавонон низ бояд даврони таҳсилро самаранок истифода бурда, тамоми нерӯи худро барои аз худ кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созанд.
Дар охир, Раиси шаҳр ба тамоми хонандагон дар роҳи дониш ва ба омузгорон дар кори пурмасъулияти ба зима доштаашон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Сипас, бо ҳамроҳон баҳри шунидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш, ба толори маҷлисгоҳи МТМУ-и №2 ташриф оварданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий