Саҳмгузории соҳибкорон ба соҳаи тандурустӣ
Бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва пайдоиши сироятӣ нави коронавирус (COVID -19), ки ин беморӣ зиёда аз 200 кишвари дунёро фаро гирифта, риштаи умрӣ беш аз 350 ҳазор одамро кандаву боз қасди маҳви ҷони инсонҳои дигарро дорад. Барои раҳои ёфтан аз ин беморӣ ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати шаҳрвандон қарор доранд, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, дар муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд. Рӯзҳои вазнине, ки ба сари мардуми олам омадааст, хизмати шоистаи табибон ва фидокории онҳо бештар аён мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон таъкид карданд; ки «Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем. Мадуми тоҷик, ҳатто, дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин маротиба вазнинтарро паси сар кардаанд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд». Бо ин васила, дар чунин айёми душвор аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои дар ҳолати хуби омодобош қарор додани соҳаҳои тандурустӣ дар шаҳри Роғун тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин марҳила беморхона ва шуъбаи сироятӣ бо ҷиҳозҳои зарурӣ, таъмин гардида, инчунин 2 автомашинаи ёрии таъҷилӣ харидорӣ гардид. Дар ҳамин давра Табибон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ бо маводи ғизоӣ, таъмин гардиданд. Инчунин, беморон ва шахсони ба карантин фаро гирифташуда, бо маводи зарурӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд.
Бояд қайд намоям, ки то ин давра аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи умумии 669 600 сомонӣ ба соҳаҳои тандурустӣ дар шаҳри Роғун кӯмакҳо расонида шудааст. Аз чунин иқдоми нек бар меояд, ки соҳибкорон дар ин шароити баамаломада, худро дар канор нагирифта, бо як ҳисси ватандӯстӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда қӯмакҳои худро барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон дареғ намедоранд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа Собирзода И.
Добавить комментарий