Корҳои пешгирӣ-сабаби наҷот

           Бемории нави сироятии коронавирус (COVID-19) дар саросари  ҷаҳон реша давонда, сокинони ҳамаи қишри заминро ба таҳлука афтонида аст. Чандин инсонҳо аз ин беморӣ ҷони худро аз даст дода, чанди дигар бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки ин бемории марговар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шуруъ аз 30 апрели соли 2020 ҳукмфармоӣ дорад. Бо мақсади пешгирии ин бемории сироятӣ аз тарафи Хукумати ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, шахсони ба ин беморӣ  мубтало ба табобати саривақтӣ фаро гирифта шудаанд. Шаҳри Роғун, ки яке аз шаҳрҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад ва дар он сохтмони неругоҳи бузурги аср бо маром идома дошта, сокинони кишварҳои гуногун дар он кору фаъолият менамоянд. Мусаллам аст, ки  хатари воридшавии ин беморӣ ба ин шаҳр низ ба назар мерасад. Аз ин рӯ,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр барои пешгирӣ аз паҳншавиии ин беморӣ якҷо бо мақомотҳои дахлдор корҳои таблиғотию ташвиқотиро пурзӯр намудаанд. Дар ин самт фаъолияти гуруҳхои таблиғотию ташвиқотӣ бахусус кормандони бахшҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази саломатӣ, ШВКД ва беморхонаи марказии шаҳр назаррас ба ҳисоб меравад. Муносибати кормандони муассисаҳои тиббӣ бо гирифторони ин беморӣ низ ҷиддӣ буда, шабонарӯзӣ дар хидмати аҳолӣ мебошанд.  Бемороне, ки дар хонаҳояшон ба карантин фаро гирифта шудаанд аз тарафи мутахассисони тиб муолиҷа ва назорат карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ бо кумаку дасгириҳои соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ  ба беморхонаи марказӣ маводҳои зарурӣ аз қабили рахти хоб, курпаю болишт, рӯйпушҳо, маводҳои шӯянда таҷҳизоти анҷоми ошхона таъмин карда шудаааст. Бемороне, ки бо навъҳои бемории илтиҳоби яктарафа ва ё дутарафаи шуш ба қайд гирифта шудаанд, бо дорувории ройгон таъмин карда мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  бо мақсади сари вақт дарёфт ва муолиҷа намудани бемории мазкур айни замон дар қаламрави шаҳри Роғун дар беморхонаи марказии шаҳр 75 кат, беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби Гарм 83 кат, 2- осоишгоҳ  бо 26 ҷои хоб, дар ширкати «Салини Импреҷило» 74 кат  ҷамъ 328 кат пешбинӣ гардидааст, ки омода мебошад.  Итминони комил дорем, ки дар сурати ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намудани сокинони кишвар мо аз ин беморӣ ба зудтарин фурсат наҷот хоҳем ёфт ва дар фазои сулҳу суботи кишвар бе тарсу ҳарос қадам хоҳем гузошт.

 

              Таҳияи муҳаррири маркази матбуоти бахши фарҳанг Комилзода Ҳ.