БАРГУЗОРИИ СИТОДИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР САИДЗОДА С. ВОБАСТА БА ИҶРОИ   КИШТИ БАҲОРӢ, МАХСУСАН  КИШТИ КАРТОШКА

       Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Қади Об ситоди кишти баҳорӣ махсусан кишти картошка бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода С., муовинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраки Оби гарм ва деҳоти Сичароғу Қади Об, инчунин роҳбарони хоҷагиҳои деҳкони доир карда шуд.

      Дар ситоди мазкур оид ба сари вақт ва бо сифат иҷро намудани нақшаи кишти баҳорӣ, махсусан кишти картошка диққати махсус дода шуда, раиси шаҳр роҳбарони хоҷагиҳои деҳконӣ  ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки аз боду ҳавои мусоид истифода намуда, кишти баҳориро дар муҳлатҳои муайян гардида  иҷро намоянд.

   

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                    Саидова Ш.Ҷ.