БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲР ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар толори қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии тантанавӣ, маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Б., инчунин мудири бахши кор бо занон ва оилаи Зоидова Адиба ва мудири бахши САҲШ Ширинзода Соима вобаста ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оила, оилаи солим ва ҷомеаи солим баромад намуданд. Дар чорабини гуфта шуд, ки оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд. Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу расолати худро дошта, дар ин мавзӯъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд.
Бояд қайд намуд, ки беҳтарин оилаҳо бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун қадрдонӣ карда шуданд. Дар охир баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи ҷолиби фарҳангӣ, бо иштироки ҳунармандони саршинос намоиш дода шуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомае Саидова Ш.Ҷ.