ДАР ШАҲРИ РОҒУН ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД
Имруз дар шаҳри Роғун бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, кормандони ҶСК НБО Роғун, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сокинони маркази шаҳр, занону бонувон, наврасону ҷавонон, ҳамзамон варзишгарону дӯстдорони варзиш дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор карда шуд. Чорабинии мазкур бо сухани табрикотии раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз карда шуд. Дар ҷамъбаст ғолибону фаъолон бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.