ХИЗМАТ БА ВАТАН –ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ!
Санаи 1- уми апрели соли ҷорӣ дар саҳни Комиссарияти ҳарбии шаҳри Роғун чорабинии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Роғун, роҳбарони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо, волидони наваскарон ва сокинони шаҳр ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло оид ба пос доштани қадру манзалати арзишҳои миллӣ, Ватан, Сулҳу субот, тенҷию амонӣ, ваҳдату ягонагӣ суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад.
Имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми Ватан дар зери парчами нангу номус ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд. Шоистаи таъкид аст, ки мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро ки ҳифзу нигоҳдории марзу буми муқаддас, ин ҳифзу нигоҳдории нангу номус ва шарафи бузургу қарзи шаҳрвандии ҷавонмардони ин миллат маҳсуб меёбад.
Раиси шаҳр ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи даъватшаванда табрику муборакбод намуда, дар роҳи хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои наваскарон тансиҳатию саодатмандӣ ва садоқату бурдбориҳо таманно намуданд. Бояд зикр кард, ки модарон фарзандони далеру шуҷои худро аз рӯи расму русуми ниёгонамон бо газ гирифтани нон бо умеди адо намудани хизмати Модар –Ватан ва сиҳату саломат ба хона баргаштан дуо доданду гусел намуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи омоданамудаи бахши фарҳанги шаҳр, ки суруду таронаҳои он ифодагари озодию ободӣ, сулҳу субот, дӯстию рафоқат ва ватандӯстиву ватанпарварӣ маҳсуб меёфт, хотири ҷамъомадагонро болида намуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.
Добавить комментарий