ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ХАЛҚИ ШАҲРИ РОҒУН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Сани 14-уми апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати ҳафтум бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини якум, муовинони раиси шаҳри Роғун, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони халқи шаҳри Роғун баргузор гардид. Дар рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
- Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи якуми соли 2025;
- Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, замин, ҳифзи табиат, омор, рушди деҳот, меҳнат ва муҳоҷират, дар бораи ташкили фонди манзил барои эҳтиёҷмандони шаҳр, пешравию комёбиҳои соҳа ва чораҷӯи дар самти беҳтар намудани кору фаъолият;
- Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия;
Иҷлосия бо таклифи вакилон аз тарафи раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз гардид. Оид ба масъалаҳои зикргардида масъулин баромад намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.