Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ таҳти унвони  «Пешвои миллат-  ҳомӣ ва раҳнамои мо ҷавонон» ва «Ҷавонон  пайравони Пешвои миллат» ба ифтихори Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон

  

Санаи 23 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун  роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ таҳти унвони  «Пешвои миллат-  ҳомӣ ва раҳнамои мо ҷавонон» ва «Ҷавонон  пайравони Пешвои миллат» ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ифтихормандиву шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва давлату давлатдории миллӣ баргузор гардид.

   Дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашни ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло,  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот, доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун аз ҷумла гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр, варзишгарон, фаъолон ва сокинони шаҳр  бо шумораи 2540 нафар иштирок доштанд.

         Қобили тазаккур аст, ки дар рафти баргузории Роҳпаймоӣ раиси шаҳр дар макони баргузории чорабинӣ  назди муҷассамаи  Асосгузори аввалин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ  сухан намуда, ҷавононро ба ифтхори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба эшон сиҳатмандии комил, офияти рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки ба шарофати заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба таври комил поягузорӣ шуда ва марҳила ба марҳила дар амал татбиқ мегардад.

Воқеан, ҷавонон ба ҳама гуна ғамхорию пуштибониҳо арзанда буда, дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамояд ва барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонони мо ҳамчун нерӯи пешбаранда ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз буда, барои содиқона хизмат намудан ба Ватан беш аз пеш саъю талош менамоянд.

Дар идома ба як қатор ҷавонон барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо, инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ  бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун қадрдонӣ гардида, барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи кормандони бахши фарҳанг таъби ҳозиринро болида гардонид.

                          

 Раҷабалиева Ш.