ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ  ХАТАРЕ БАРОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

 Терроризм ва экстремизм раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб зуҳур кардааст. Дар шароити замони муосир ҳар як шахси солимфикро зарур аст, ки дарки баланди сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад. Ҷавонони моро мебояд, ки аз шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ ошноӣ пайдо намуда, фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо нагарданд. Имрӯзҳо терроризм бештар дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия, Сомалӣ ва Афғонистон мушоҳида гардида, онҳо ҳар гуна амалҳои номатлубро ба анҷом мерасонанд. Дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Тоҷикистони ҷавони мо ин рӯзҳоро дар солҳои ҷанги шаҳраванди пушти сар намуд, ва то ҳол зарари расидаи ин хатари ифротӣ ба назар мерасад.

      Терроризм қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъи бурдан лозим аст. Пешвои муаззами миллати мо нисбати хатарҳои терроризм ва экстремизм дар паёмашон чунин гуфтааст: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ барои рафъи ин мушкилӣ ва ё “Вабои аср” талош меварзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, ки дар ин роҳ мувафақ бошанд.

Моро зарур аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муасир боз ҳам ҳушёру зирак бошем, зеро ҳастанд кишварҳо ва ё ташкилотҳое, ки аз пушти чунин равияҳо манфиати хешро тақозо менамоянд. Аз ин рӯ, мақсади асосии кишварҳои манфиатҷӯ ин ҳам бошад аз ҳисоби ҷавонон зиёд намудани сафи худ мебошад.

Онҳо насли ҷавонро ба воситаи ақидаҳои исломӣ ва ба ҳар роҳу воситаҳо таблиғу ташвиқ менамоянд.

    Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гӯруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадааст, ки ҷони инсонҳоро мерабояд.

      Ҷумҳурии Тоқикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ҷонибдори сулҳу ваҳдати башарӣ буда, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон чунин гуфта буданд: “Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад”.

     Имрӯзҳо шароити хуби илмомӯзӣ дар ватани азизи мо муҳайё гардида, ба ин васила метавон ба шинохти арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни халқи худ ноил шуд. Барои гирифтани пеши роҳи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ моро зарур аст, ки дар вуҷуди насли ояндасоз талқини ҳисси ватандустӣ ва бедор кардани ҳисси баланди худшиносии миллӣ зарур аст. Агар насли наврасро ба омӯзиши дониш ва арҷгузори ба арзишҳои миллиамон тарбия намоем, инчунин аз қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” васеъ истифода ва онро ба пуррагӣ риоя намоем, мусаллам аст, ки минбаъд насли наврас ва ҷавонони мо дар ҳақиқат ба муқаддасот ва Истиқлолият арҷ мегузоранд ва аз ватани азизи худ дар мубориза бо ҳар зуҳуроти номатлубе дифоъ менамоянд. Нақши оила низ дар тарбияи тифл ва насли оянда бағоят бузург мебошад. Зиёиёни мо низ метавонанд тавассути асарҳои эҷодкардаашон ва таблиғи онҳо тариқи ВАО дар ташвиқи худшиносии миллӣ нақши созгор гузоранд. Ҳамин тавр, моро зарӯр аст, ки ба қадри озодӣ, тенҷию оромӣ ва истиқлолият расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон бошад, синаи худ сипар намоем.

     Чи гунае, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”. Бале, дар ин радиф кам нестанд ҷавононе, ки дар роҳи ҳимояи сулҳу суботи Ватани азизамон ҳамчун худшиносу худогоҳ ҷони худро дареғ намедоранд. Ингуна ҷавонмардон воқеан ҳам ифтихори миллат мебошанд.