ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА ТАҲКИМИ ҲАМАҶОНИБАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ЗАМИНА ГУЗОШТ
Имсол мо миллати сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон 26 солагии ҷашни Ваҳдати миллиро бо шаҳомати хосаи идона таҷлил менамоем. Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллиро дар он шароити вазнин ва пурҳаводис хурду бузург интизорӣ мекашиданд. Аҳолии осоишта аз нобасомониҳои он замон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон паноҳ мебурданд. Нооромию бесуботӣ тамоми қаламрави мамлакатро фаро гирифта буд. Ашки модарони аз фарзандон ҷудошуда, аз паёмади наҳси нооромиҳои мазкур хабар медод. Ғаму андӯҳ меҳмони кошонаҳои мардум гардида буд. Аз ҳеҷ тарафе садои хушу навои ҷонбахш ба гӯш намерасид, балки саросар яъсу навмедӣ, ранҷу кулфат, озору шиканҷа дида мешуд. Пас аз даргириҳои дохилӣ аҳолии осоишта ва кормандони касбу корҳои гуногун ба хулосае омаданд, ки танҳо сулҳу суббот мояи пешравии миллату давлат шуда метавонад ва ба қатъият аз тарафҳои мухолиф тақозо намуданд, ки хиради азалии хешро пеши назар оварда, асолати миллии хешро дубора эҳё намуда, миллату давлатро аз вартаи фано шудан эмин нигоҳ доранд.
Дар чунин шароити ҳасос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозӣ намудани сиёсати сулҳпарваронаи худ ва талошҳои пайгиронаашон, ки мароми он аз Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ оғоз гардида, суханроние, ки ироа карда буданд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” дар он вазъи ҳасос амалӣ гардонид. Сарвари давлат барои ба эътидол овардани вазъият борҳо ба Афғонистон ва дигар кишварҳо сафар ва бо роҳбари ҳизби мухолифин вохурию музокирот анҷом доданд. Пас аз музокироти такрор ба такрор 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Пас аз ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми аҳолии мамлакат ба созиш омада, хиради азалии хешро дубора ба даст гирифтанд ва барои сулҳу суббот камари ҳиммат баста, паҳлу ба паҳлу нишаста Ватани маҳбубамонро ободу сарсабз ва хуррам гардониданд. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик пас аз ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ даст ёфта, марҳила ба марҳила ҷомеаи мо рушд менамояд, ки ҳамаи ин албатта аз самараи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Имрӯзҳо ҳукумати мамлакати мо дар партави амалӣ намудани сиёсати созанда ва сулҳпарваронаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша чорабиниҳои бунёдкорию созандагӣ, барномаҳо ва стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди ҷумҳуриро қабул намуда, дар асоси онҳо ҳадафҳои стратегиро қабул намудем, ки албатта ҳамаи ин ба рушду инкишофи ҳамаҷонибаи Ватани маҳбубамон заминаҳои мусоид гузоштааст. Мақому ҷойгоҳи кишвари мо имрӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, Пешвои миллати мо бо ташаббусҳои ҳадафмандона ва дурандешонаи худ дар сиёсати байналхалқӣ мақоми шоистаи худро касб карда, эътибори миллати шарафмандамонро баланд бардоштааст, ки бори дигар аз сиёсатмадори оқил ва сулҳҷую созанда бунашонро нишон медиҳад.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро қисми зиёди давлатҳои мутараққӣ мешиносанду эътироф менамоянд. Дар робита ба, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар ин давраи ҳасоси ҷаҳони муосир, мазмуну моҳияти сулҳу ваҳдати миллиро амиқан дарк карда, бо ҳиси баланди масъулияти шаҳрванди фаъолият карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, арзишҳои истиқлолияти давлатӣ бахусус ваҳдати миллиро пос дорем.
Муовини Раиси шаҳри Роғун Шарафзода Б.
Добавить комментарий