Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз душманони сохти конститутсионии давлату миллат
Дар замони муосир омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҳодисаҳои дар таърих рухдода басо муҳим аст. Зеро, таърих аз амалу кирдор ва ҳаракатҳои мусбиву манфии шахсони алоҳида ва халқҳои олам маълумоти дақиқ медиҳад.
Халқи тоҷик таърихи беш аз 5000 сола дошта, дар ин давра фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллии худро ҳам дар доираи дин ва ҳам дар доираи миллат ҳифз карда, тараққӣ додааст. Бо шахсони обрӯманд ва қаҳрамонҳои худ дар байни дигар халқиятҳои ҷаҳон мақоми махсуси худро пайдо карда, дар рушд ва баланд бардоштани соҳаҳои илмиву динӣ саҳми калони худро гузоштааст. Дар ин ҷода оид ба корнамоиҳои чеҳраҳои мондагори халқи тоҷик дар китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳо ба таври пурра дарҷ гардидааст.
Аммо, дар баробари ин, халқи тоҷик бо душманони дохиливу хориҷӣ, ки мақсади тадриҷан суст гардонидани мавқеи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ва аз байн бурдани миллати тоҷикро доштанд, садҳо маротиба рӯ ба рӯ гардид. Бо чунин мақсадҳои нопоки худ, душмани миллати тоҷик бо ангезаҳои диниву сиёсӣ ташкилотҳои махсуси диверсионӣ ва террористиву экстремистиро ташкил карда, бо ҷалби ҷавонони бесавод ва ашхоси ақидаи ифротидошта амалҳои ҷиноятии худро роҳандозӣ намуд.
Яке аз чунин ташкилотҳо Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта ба таври пинҳонӣ бо мақсади халалдор сохтани оромии ҷомеа, бунёди монеъаҳои сангин дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, паҳн сохтани унсурҳои динӣ-ифротӣ ва теша задан ба решаи худ ташкил шуда буд. Ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзи пайдоишаш дар қаламрави кишвари азизамон, ҳамчун ҳизби моҷароҷӯву низоъангез ба майдони сиёсат дохил шуда, бо истифода аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуд. Роҳбарияти олии ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми дар ҳолати ногувор мондаи тоҷикро бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла кӯмакҳои моддиву пулӣ ва ваъдаҳои бунёди «давлати исломӣ» ба сафи худ шомил ва рӯйхати махсус тартиб доданд. Минбаъд, бо истифода аз рӯйхати мазкур, аз давлатҳои хориҷӣ (махсусан давлатҳои исломӣ) маблағу кӯмакҳои зиёди пуливу молӣ гирифта, соҳиби боигарии зиёд гардиданд. Яке аз амалҳои нангине, ки ТТЭ ҲНИ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба анҷом расонидааст, ин сафарбар кардани кӯдакону наврасони тоҷик, ки ҳамчун гуреза дар қаламрави Авғонистон паноҳ мебурданд, ба марказҳову мадрасаҳои динии давлатҳои исломӣ мебошад. Ин барномаи ТТЭ ҲНИ боиси он гардид, ки ҳазорҳо ҷавонону наврасони тоҷик дар натиҷаи таҳсили ғайриқонунӣ дар мадрасаҳои давлатҳои зикршуда ба ташкилоту созмонҳои террористӣ шомил шуда, номи тоҷикро ҳамчун террорист дар арсаи байналхалқӣ бадном карданд.
Оид ба амалҳои террористии дар дохили Тоҷикистон тарҳрезиву амаликардаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ маълумотҳои дақиқу саҳеҳ дар парвандаҳои ҷиноятӣ ва рӯзномаҳои даври ҷанги шаҳрвандӣ дарҷ гардидаанд. Махсусан, аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ террор кардани шахсиятҳои намоёни соҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аз ташкилоти террористӣ будани ТТЭ ҲНИ шаҳодат медиҳад. Санаи 04.09.2015 аз ҷониби собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода Ҳалим (Ҳоҷӣ Ҳалим) бар зидди сохти конститутсионии ҶТ барпо кардани ошӯб, ки бо супориши Роҳбарияти олии ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ анҷом дода шуд, мақсадҳои нопоки ташкилоти мазкурро пурра ошкор намуд.
Баъди фирор ба давлатҳои Аврупо, роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ чанд муддат аз номи Ҳизби наҳзати исломӣ баромад карда, фаъолияти онро таърифу таҳсин ва худро дар бадбахтии ба миллати тоҷик овардааш бегуноҳ ҳисобид. Аммо, дар раванди таҳлили фаъолияти худ М.Кабирӣ ба хулоса омад, ки ҲНИ дар ҳақиқат ташкилоти террористӣ мебошад ва мардуми ҷабрдидаи тоҷик аз ин огоҳ шудаанд. Сипас, бо маслиҳат ва роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ, бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои содиркардааш, М.Кабирӣ ташкилоти дигари террористӣ «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро бо ҷалби дигар гурӯҳҳои мухолифи ғайрисистемавӣ ташкил карда, роҳбарии онро ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар асл, ин паймони душманон идомадиҳандаи барномаи ҳамон ТТ ҲНИ буда, бар зидди миллати тоҷик равона шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ТТЭ ҲНИ аслан тавонмандии назарӣ ва амалии саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надорад. Фаъолияти он ба ҷуз тарғиби идеологияи бегона, ки дар асоси ғояҳои сирф экстремизми динӣ бунёд ёфтааст, чизи дигаре нест. Бо истифодаи масъалаҳои динӣ ва сӯистифода аз эътиқоди мардум, ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар то ҳанӯз талошҳои моҷароҷӯёнаро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии нопоки худ идома дода истодааст.
Бояд қайд намуд, ки нахустҳадафи ТТЭ ҲНИ тафриқа- андозӣ дар байни мардум буда, стратегияи он бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Мақсади он ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон буда, чандрӯягӣ сифати ҳамешагии роҳбарияти он мебошад Халқи тоҷик дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ борҳо бо чунин бархӯрдҳо дучор шудаву паёмадҳои ин гуна дасисакориҳоро хуб дарк намуд. Мардум сиёсати хирад- мандонаву талошҳои ватанпарастона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро авлотар аз кирдорҳои ҷоҳилонаи ин ашхос дониста, дар рушду суботи ҷомеа, пойдории амну якпорчагии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор мебошанд.
Бо назардошти таҳдиду хатарҳое, ки аз фаъолияти ТТ ҲНИ ба мардуми тоҷик ва кишварҳои ба мо дӯст маълум аст, 14-уми сентябри соли 2022, Суди Олии Федератсияи Россия дархости Прокуратураи генералии ФР-ро дар бораи эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ қонеъ карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвараш мамнӯъ эълон намуд.
Аз ин лиҳоз мардуми шарафманди тоҷикро зарур аст, ки ба наздикон ва хешу ақрабои худ, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба қаламрави ФР рафтуомад доранд, моҳияти қарори Суди Олии ФР-ро фаҳмонанд ва ба саҳифаву сомонаҳои интернетии марбут ба ТТЭ ҲНИ аъзо нагарданд ва ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир накунанд. Зеро, дар натиҷаи фаъолияти душманона ва ҳадафмандонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ бештари ҷавонон ва дигар шаҳрвандони кишвар, ки ба доми фиреби ин ташкилот афтодаанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Назаров А. Сархатиби шаҳри Роғун
Добавить комментарий