БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Рузи 5 июни соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 шаҳри Роғун озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” бо иштироки хонандагон баргузор гардид, ки озмуни мазкур ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи миллати тоҷик, омӯзиши васеъ ва ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи халқи тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтарин нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст.
Шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро дошта, дар илми ховаршиносӣ падидаи ниҳоят муҳим ва сарчашмаи боэътимод эътироф гардидааст.
Добавить комментарий