Дар ободонию тозагии шаҳрамон саҳм мегузорем

     Чун анъанаи неки шаҳрдорӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ дар қаламрави шаҳри Роғун санаи 1 июни соли ҷорӣ шанбегии умумишаҳрӣ эълон гардид.

    Дар шанбегӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷавонону валантиёрон сокинони шаҳр, кормандони ширкатҳои дар НБО «Роғун» фаъолияткунанда ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар кабудизоркунӣ, тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи биноҳо ва корхонаҳо, саҳм гузоштанд. Як гурӯҳи ҳашарчиён барои баровардани партов аз дохили гулгаштҳои боғ сафарбар шуда, дар давоми кор тамоми роҳравҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин, дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аксия таҳти унвони «Шаҳрамонро тоза нигоҳ медорем» бо ҷамъоварии партовҳо гузаронида шуд.