БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Санаи 1 июни  соли ҷорӣ дар Боғифарҳангию фароғатии  Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чорабинии бошукуҳи идона таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд” баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорону муараббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва оммаи васеи кӯдакону наврасон ширкат намуданд.

Дар оғози чорабинӣ нахуст паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ироа гардид. Зимни суханронӣ иброз гардид, ки “Кӯдакон гулҳои зиндагӣ, маънии ҳаёт ва дар маҷмуъ дунёи рангину беолоиши мо буда, ояндасозони ҷомеа ва фардои рахшандаи башарият мебошанд. Ин аст, ки дар ҳама давру замон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, таълиму тарбия, таъмини ҳаёти арзанда, икишофи равонию ҷисмонӣ ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, инак тули зиёда аз ним аср таҷлил гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон исботи ин гуфтаҳо мебошанд.

Сипас,   пешниҳоди намоиши ҳунару эҷод ва дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳр, озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва фароғативу варзишӣ бо ширкати кӯдакону наврасон ҷараён гирифта, сипас барномаи фарҳангии идона доир гардид.

Дар охир, ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои доиргардида ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон диплому сипоснома ва туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.