ПАЁМИ табрикотии раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода С. ба ҷавонони шаҳри Роғун, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  23-май соли 2023  

  Ҳозирини гиромӣ!  Ҷавонони саодатманди шаҳри Роғун!

      Боиси хушнудӣ аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ватани азизамон рӯз аз рӯз аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушд ёфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ имрӯзҳо, мо чорабиниҳои муҳими таърихӣ, иду ҷашнҳои миллию давлатиро бо мақсади ҳифзи арзишҳои давлатдориямон дар сатҳи баланд доир менамоем.

    Айни замон, мо дар арафаи таҷлили ҷашни зебою хотирмон “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор дорем, ки ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатию хушбахтӣ, бахту саодати ҷавонӣ ва тани сиҳату рӯзгори осударо орзу менамоям.

        Мавриди зикр аст, ки ҷавонон ҳамчун як нерӯи тавоно ва насли ояндасози кишвар дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ояндасозӣ ҷомеа, аз ҳар ҷиҳат шароитҳо фароҳам оварда шуда, ташаббус ва иқдоми созандаи ҷавонон мунтазам дастгирӣ меёбанд.

      Дар шаҳри Роғун айни замон 6593 нафар наврасон ва 16625 нафар ҷавонони то 30 сола зиндагӣ менамоянд, ки шумораи умумии онҳо қариб баробар ба 50% аҳолии шаҳр мебошад. Дастгирии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад.

      Мо ҷавононро нерӯи тавонои созанда ҳисобида, ташаббус ва саҳми онҳоро дар рушди самтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эҳсос менамоем ва мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро пайваста дастгирӣ менамоем.

     Иштироки ҷавонон дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии сатҳи шаҳрамон, бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнҳои миллию давлатӣ хуб мушоҳида гардида, онҳоро зарур аст, ки дар баргузории чорабиниҳои дар пеш истода, боз ҳам фаъол бошанд.

                                                       Ҳозирини гиромӣ!

      Таҳсили муносиб барои ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар шаҳри Роғун дар ин самт чораҳои судманд амалӣ мегардад.

     Дар шаҳр ҷавонони машғули таҳсил 3510 нафар буда, дар мактабҳои олӣ беш аз 1000 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 25 нафар хонандагони болаёқат гирандагони стипендияи раиси шаҳри Роғун  буда, 14 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.                                              Ҷавонони азиз!

        Дар шаҳри Роғун бунёди иншооти азими аср “Неругоҳи Барқи Обии Роғун” бо маром идома дорад. Албатта бунёди ин гуна иншооти гидроэнергетикӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноаткунонии кишвар аҳамияти махсус дошта, ин барои насли ҷавони шаҳрамон мояи ифтихор ва шарафи бузур аст.           

      Бунёди “НБО-Роғун” аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон буда, бо шарофати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мегардад ва ин барои худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон аҳамияти махсус дорад.

     Дар ин радиф, албатта ҷавонони моро зарур аст, ки дастовардҳои замони Истиқлолиятро пос дошта, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро қадр намоянд.

         Имрӯзҳо ҷавононро зарур аст, ки бештар ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

     Мо итминон дорем, ки ҷавонони баору номуси шаҳри Роғун суханони пандомӯзу роҳкӯшои сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, сармашқи кору пайкор ва зиндагии хеш қарор дода, пайваста баҳри ободию осудагии ватани азизамон-Тоҷикистон, саҳми хешро мегузоранд ва “Пайрави асли Пешвои миллати худ мебошанд”.  

Ҷавонони азиз!

     Имрӯз моро зарур аст, ки ҷавобан ба  дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, омузиши забонҳои хориҷӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши технологияҳои муосир, интихоби дурусти касбу ҳунар, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси Ватан равона созем.

        Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо саъю талош нерӯи ақлонӣ ва маҳорати худ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асоси онро ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ташкил медиҳад, содиқонаю холисона ҷонибдорӣ намоянд.

    Дар хотима, ҳамаи Шумо ҷавонони азизро бори дигар ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» табрику муборакбод гуфта, дар омӯхтани илму дониш, аз бар намудани касбу ҳунар, ҳифзи марзу буми Ватан, дӯст доштани Ватани маҳбубамон  барору комёбӣ орзу менамоям.  

Саломату сарбаланд бошед!