ДАВИ МИЛЛӢ

   Санаи  21 майи  соли ҷорӣ  дар маркази  шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳри Роғун аз  ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳр бо мусоидат ва дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чорабинии “Дави миллӣ” бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

   Чорабинии мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №255 ва нақшаи баргузории чорабинии варзишӣ баргузор карда шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд  доир намудани он  дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Роғун Комиссияи тадорукотӣ таъсис дода шуд. Дар  чорабинии номбурда роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва дигар ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Дави миллӣ аз рӯи 3 марҳила, миёни роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонописарону ҷавондухтарон ва кӯдакону наврасон ташкил ва баргузор гардонида шуд.

  Илова бар ин, дар дави миллӣ  миёни наврасону ҷавонон “Марафони  Велосипедронӣ”  гузаронида шуд, ки дар охир   ғолибони ин чорабинӣ   аз  тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  бахши кор бо ҷавонон ва варзиш  бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва “Ифтихорнома” – ҳо  қадрдонӣ карда шуданд.

Сармуҳаррири рӯзномаи « Нури Роғун»