Ҳамоиш оид ба эълон шудани Соли 2025-соли ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Роғун
Санаи 30-юми соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҳамоиши илмӣ, оммавӣ бахшида ба «Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025» баргузор гардид, ки дар ҳамоиш Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Ҳамоишро муовини якуми Раиси шаҳр Файззода Раҳматулло оғоз бахшида, сипас Раиси шаҳри Роғун оид ба «Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025» ба сухан баромада, аз ҷумла чунин қайд намуданд; 14 декабри соли равон Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» -ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард, ки ин ҳуҷҷат аз шумораи қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он эълони Рӯзи байналмиллалӣ ва ҳам Соли байналмиллалӣ дарҷ гардидааст. Мавсуф инчунин афзуданд, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуда, ин иқдоми наҷибона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Ҳамзамон, раиси шаҳр баён доштанд, ки ташаббусҳои Сарвари оқилу хирадманд ва дурандеши миллати тоҷик, ки ҷиҳати наҷоти инсоният аз офату хатарҳои глобалӣ пешниҳод мешаванд, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, моро водор месозад, ки ҳар чи бештар бо фаъолияти намунавӣ ва рисолаи созандаву ободкоронаи худ дар ҳалли мушкилоти бавуҷудомада ҷаҳду талош намоем.
Баъд аз суханронии раиси шаҳр баромадкунандагон фикру андешаҳои хешро оид ба иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки мо бо Пешвои наҷотбахшу дурандеши худ ҳамеша фахр мекунем, зеро Пешвои муаззами миллати тоҷик бо иқдомҳои саривақтии хеш миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, дар ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ саҳмгузор аст.
Добавить комментарий