Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун

 

  

Имрӯз  дар  толори маҷлисгоҳи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, толори Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун,  қасри фарҳанг ва шаҳраку деҳоти   шаҳр  тибқи  барқияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тамошои дастаҷамъонаи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Кохи Сомони  маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи  Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ  тамошои дастаҷамъона бо иштироки Раиси шаҳри  Роғун  муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар иштирокчиён ташкил карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ дар бораи  самтҳои асосии сиёсати  дохилӣ ва хориҷии кишвар, сараввал  аз дастовардҳою пешравиҳои соли 2022 ёдовар шуда, оид ба фаъолиятҳои хубу босамари масъулин, ки аз фаъолиятҳои онҳо  вобастагии зиёд дошт, миннатдорӣ   баён намуда,  оид ба  самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ мамлакат  барои соли 2023 супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчуниин аз фаъолияти хуби занон  ва ҷавонон ёдовар шуда  баён доштанд, ки  соҳае нест, ки саҳми ҷавонон ва занон  дар он аён набошад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охир аз ҳама  роҳбарони вазорату  идораҳо корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо даъват ба амал оварданд,  ҳар яки мо бояд шукрона аз он намоем, ки кишвари соҳибистиқлол дорем, ва минбаъд низ илму дониш ва қуввату тавоноии хешро баҳри ҳифзи Истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва  муқаддасоти миллиамон равона созем. Ҳамзамон ба тамоми сокинони  ҷумҳурӣ саодати рӯзгор, муваффақият ва сарбаландию комёбиро таманно намуданд.

Сармутахассиси  шуъбаи рушди                                    

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                        Раҷабалиева Шоира