Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун
Рӯзи 3 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 28 солагии Рӯзи Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Қисми тантанавии чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Роғун, муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон, аҳли илму фарҳанг, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Чорабинии идона бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас, Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло иштирокдоронро ба ин санаи фархунда муборакбод намуданд. Роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун дар чорабинии мазкур оид ба ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсози миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ мегардад, баромад намуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинии мазкур дар қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардида, санъаткорони бахши фарҳанг бо созу навои худ ҷашнро дилработар намуданд. Қобили қайд аст, ки ин санаи фархундаю таърихӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий