Иҷлосияи XVI-ум   иҷлосияи тақдирсоз

     Мувофиқи Муроҷиатномаи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқоту вохӯриҳо  доир ба 30 солагии  Иҷлосияи  таърихии XVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ гузаронида шудаистодааст.   

      Мавриди зикр аст, ки чунин     вохӯриҳо    санаи  18 октябри соли 2022 дар қасри  фарҳанги шаҳри Роғун  бо иштироки муовини якуми  раиси шаҳри Роғун  Файззода Раҳматулло ва  вакилон Файзиддин   Икромӣ ва  Наҷмиддиниён Файзулло баргузор гар­дид. Инчунин, дар ин вохӯрӣ  фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ,  роҳбарону коргарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот , ҷавонон ва сокинони шаҳр  ҳузур доштанд.  Дар вохӯрӣ   масъалаҳои мубрами руз, ҷалби ҷавонон ба  омӯзиши таърихи тоҷикон,  бедор намудани ватандӯстию ватандорӣ дар дили шаҳрвандон,  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи решакан намудани ифротгароиву хуро­фотпарастӣ аз зеҳну замири ҷавонон  баррасӣ гардид.

    Дар ниҳояти чорабинӣ муовини якуми  раиси шаҳри Роғун  Файззода Раҳматулло ба ҳозирин барои иштирок миннатдорӣ намуда, таъкид намуданд, ки “Тоҷикистони маҳбубамон кишвари орому осуда буда, мардуми созандаву ободкори шаҳри Роғун ҳамеша хамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи якпорчагии Ватан, таҳкими бародариву баробарӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии милливу мардумӣ омода буда, дар роҳи савганди ватандорӣ содиқу вафодоранд.

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

 иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  

Раҷабалиева Ш.