Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа”
Санаи14 октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа” баргузор гардид. Дар конференсия муовини раиси шаҳр (соҳаи идеологӣ), масъулини ташкилоту корхонаҳо, ходимони дин, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва иштирок намуданд.
Кори конференсияро муовини раиси шаҳр Шарафзода Баҳром оғоз намуда, ҳозиринро аз номи раиси шаҳри Роғун, муҳтарам Саидзода Сунъатулло хайрамақдам гуфтанд. Сипас, оид ба хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир сухан намуда, баён доштанд, ки терроризм ва экстремизм раванди даҳшатборе барои ҷомеъа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб зуҳур кардааст. Дар шароити замони муосир ҳар як шахси солимфикрро лозим аст, ки дарки баланди сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад. Ҷавонони моро мебояд, ки аз шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ ошноӣ пайдо намуда, фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо нагарданд…
Ҳамзамон, дар кори конференсия намояндаи прокуратура дар шаҳри Роғун, мудири бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳо ва сархатиби масҷидҳои шаҳри Роғун оид ба пешгирии ҳолатҳои гирифтории ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сухан намуданд.
Сипас, муовини раиси шаҳр Шарафзода Баҳром бо суханони хотимавӣ даъват ба амал оварданд, ки моро зарур аст, ба қадри озодӣ, тенҷию оромӣ ва истиқлолият расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон синаи хеш сипар намоем.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий