ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА  ТАШАККУЛИ АФКОРИ МИЛЛӢ

        Истиқлолияти давлатӣ яке аз арзишмандтарин падидаи таърихӣ ва унсури асосии ҳастии миллати тамаддунофарамон мебошад, ки бо ифтихор метавон гуфт, имсол мардуми сарбаландамон зери роҳнамоиҳою ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ 31-солгаии ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

          Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, мо соҳиби рамзҳо ва муқаддасоти давлатии худ гардидем, ҳамзамон дар ин давра бо талоши ҳукумати малакат бо як зумра давлатҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ муносибатҳои гуногуни мутақобилан судмандро ба роҳ мондаем, ки ин албатта ба рушди арзишҳои миллию давлатӣ мусоидат намуда, кишвари мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор эътироф гардид.

         Истиқлолияти давлатӣ ба инкишофи  хотираи таърихӣ ва асолати миллӣ шаҳрвандон таъсири устувор гузошта, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги миллӣ дар сатҳи созмонҳои байналмилаӣ муаррифӣ карда шуда, дар ин замина ҷашнҳои миллию таърихиямон аз нав эҳё гардида, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда, дар сатҳи баланд таҷлил мегарданд.

     Метавон гуфт, ки истиқлолият ҳамчун падидаи асосии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, ба инкишофи афкори миллӣ таъсир расонид. Аркони давлатдорӣ дар асоси унсурҳои истиқлолияти давлатӣ рушд карда, ба баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ ва хештаншиносии мардум таъсир гузошт, ки дар маркази ташаккули сиёсати давлатӣ, ҳамзамон рушди идеологияи миллиямон саҳми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун элитаи сиёсию ташаббускор шинохта мешавад.

      Албатта самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва афкори миллиро ҳадафҳои асосию стратегии ҳукумати мамлакат, ҳифзи арзишҳои давлатӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, раванди бунёдкорию созандагӣ, рушди кишоварзию саноати миллӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим буда, бо дараназардошти арзишҳои соҳибистиқлолӣ мо марҳила ба марҳила ба ҳадафҳои рушди устувор ноил мегардем.

    Намунаи олии рушди ғояи миллӣ албатта дар мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон баръало мушоҳида мегардад. Ҷомеаи тоҷик баъди ба даст овардани яке аз беҳтарин арзишҳо яъне истиқлолияти давлатӣ боз ба марҳилаи ҷанги таҳмилии шаҳравандӣ ворид гардид, ки дар ин давра аркони давлатдории мо ба нести рафта, ҳисси ифтихори милию давлатдории шаҳрвандон коста шуда, пояҳои давлатдори заиф шуд. Дар ин давраи ҳасос Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ҷавону ташаббускор ба арсаи сиёсии давлатдорӣ омада, тавонистанд бо талошу пайкори созандаи худ кишварро аз ин варта наҷот диҳад ва ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар зарфи ду даҳсолаи охир бо амалӣ намудани сиёсати некбинонаи сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати аҳлонаи мардуми сарбаландамон, ҳамзамон бо эҳсоси баланди ватандорию шаҳрвандӣ ва мутаҳид шудан дар атрофи сарвари худ ба марҳилаи бунёдкорию созандагӣ ворид гардида, акнун дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ метавон гуфт, ки мардуми мо дар атрофи ҳамин сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғояи сирф миллию ватандорӣ ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки дастовардҳои соҳибистиқлолии мо дар таносуб бо дигар кишварҳои ҳамҷавор ба кулли тафовут дошта, як марҳилаи комиллан мушахасси тарақиётро гузаштем.

     Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир ва равандҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки муқаддасоти давлатӣ, арзишҳои миллиро пос дошта, барои ҳифзу ҳимояи ватани азизамон, ҳамзамон ташаккули илму маориф, фарҳанги миллӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва рушду инкишофи ватани биҳиштосоямон Тоҷикистон бо пайрави аз пешвои миллатамон, ки мароми он таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва боз ҳам рушду тарақиёти Тоҷикистони азиз мебошад, мутаҳид шуда, аҳлона заҳмат кашем.  

Муовини раиси шаҳри Роғун                          Баҳром Шарафзода,