Табрикоти раиси шаҳри Роғун Саидзода С. бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз, ҳозири гиромӣ!
Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳаёти пурифтихори худ тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла кулли мардуми шаҳри Роғун ифтихор аз он доранд, ки сиву як сол қабл, нахустин хиштҳои девори Истиқлолияти давлати воқеӣ ва давлатдории миллии хеш гузошта шудааст ва бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо соҳиби муқаддасоти миллӣ гардидем.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.
Истиқлолият дар як муддати кутоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Имрӯз мардуми шарафманди шаҳри Роғун дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузургу таърихӣ ва муқаддаси 31 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ифтихори миллат ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истодаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ иброз доштанд, ки: «Сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем».
Албатта зикри ин матлаб ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо бо чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем. Баръакс, имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият намуда, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини биҳиштосоямонро боиқтидор ба мулки обод табдил диҳем.
Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем.
Аз ин рӯ, фаъолон, аҳли зиё ва ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла мардуми шаҳрро лозим аст, ки аз ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, марзу буми кишвари биҳиштосо масъул бошем.
Барои имрӯз ва дар оянда ба воя расонидани кадрҳои баландихтисосу соҳибкасб, донишманду забондон кушиш ба харҷ дода, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқи ҳамида, ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, баланд бардорем.
Итминони комил дорам, ки сокинони шаҳри Роғун ва фарзандони бонангу номуси он қадру қимати истиқлолиятро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи Ватани азизамон, тақвияти суботу оромии ҷомеа минбаъд низ саъю талош намуда, бо заҳмати аҳлонаву дастаҷамъона дар ояндаи наздик давлати мустақилу озоди худро ба як кишвари ободу пешрафтаи олам табдил медиҳем.
Бигузор роҳи кишвари соҳибистиқлоламон ба сӯи ояндаи дурахшон, ба сӯи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафарҳо бошад!
Бигузор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад! 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони шарафманди шаҳри нурофарои Роғун самимона табрик гуфта, бароятон сарбаландию нерӯи созанда ва саодати рӯзгорро орзумандам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Добавить комментарий