СОХТМОНИ РОҲИ МОШИНГАРДИ РОҒУН – ОБИГАРМ-НУРОБОД ШУРӮЪ ГАРДИД
Тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Инкишофи соҳаи роҳдорӣ дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.
Бинобар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз афзалиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон вазифаҳоро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ мегардад.
Бо ин мақсад рӯзи 19 августи соли 2022 амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм-Нуробод шурӯъ гардид, ки омили муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун ва навоҳии водии Рашт ба ҳисоб меравад.
Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12-13 июли соли равон ба иншооти бузурги аср – «Неругоҳи Барқи Обии Роғун» мулоқоташон бо сохтмончиён ва фаъолони шаҳри Роғун иброз доштанд, ки «Бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод солҳои наздиктарин ба анҷом расонида мешавад ва мушкилоти сокинони ин минтақаҳо ҳаллу фасл мегарданд».
Дар вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат ба мақомоти марбута ҷиҳати азнавсозии роҳи Роғун – Обигарм супоришҳои дахлдор додан ва хушбахтона дар ин рӯз сохтмони роҳи 9 километра шуруъ гардид.
Ин рӯйдоди фараҳбахш боиси хушбахтӣ ва сарфарозии сокинони шаҳри Роғун гардид ва мушкилоти чандинсолаи шаҳр ҳалли худро ёфта, боиси рушди минбаъдаи ин шаҳри стратегӣ мегардад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тамоми чораҳои зарурӣ бобати нигоҳдории босифати роҳ, фароҳам овардани шароити хуб барои коргарон ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардад.
Добавить комментарий