ФАРИШТАИ САФЕД АЗ ШАҲРАКИ  ОБИ ГАРМ

         Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд.

     Ба ин муносибат рӯзи  18 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии  идона  бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода         ва табибони ҷумҳурӣ  баргузор гардид. Дар чорабинӣ  бо назардошти фаъолияти пурсамар як гурӯҳ табибон ва кормандони соҳаи тиб қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, табиби ҳуҷраи  ултрасадои беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун хатмкардаи Донишгохи Давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, бо ихтисоси кори табобатӣ, ки тули 18 сол аст, дар касби хеш кор ва фаъолият менамояд ва  донишу  малакаи худро моҳирона истифода мебарад, бо Ифтихорнома, нишон, ва шаҳодатномаи  Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.   

                Юнусова Маҳваш Хурсандовна   баён менамояд, ки минбаъд низ баҳри ҳифзи сиҳатию саломатии халқу миллати хеш  содиқона фаъолият менамояд, то намунаи тамоми  кормандони соҳаи тиб бошад.      

 

 

 

Сармутахассиси шуъбаи

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                               Раҷабалиева Шоира