ТАҶЛИЛИ 25 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

       Ҷашни 25 – солагии  Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун  санаи 24 – уми июни соли ҷорӣ  баргузор гардид, ки дар чорабинии  номбурда Раиси шаҳри Роғун  муҳтарам  Саидзода Сунъатулло, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Мансур, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва роҳбарону кормандони   тамоми муассисаву ташкилотҳо  ширкат  варзиданд. Раиси муҳтарам Сунъатулло Саидзода  ҷамъомадагонро  ба муносибати 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  шодбош  гуфта, оид ба нақш гузоштани Ваҳдати миллӣ   дар ташкил ва  бунёди  давлатдории  навини миллати тоҷик, ҳамчун  дастоварди  муҳим  ва қудрату манзалати  ин санаи муборак  дар таҳкими  сулҳу субот  оромию осоиштагӣ, тенҷию амонӣ ибрози ақида намуданд. Дар қисмати тантанавии чорабини инчунин  як қатор фаъолон  аз бахшҳои гуногун  бо «Ифтихорнома»  ва «Сипоснома» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр қадрдонӣ карда  шуданд. Қисмати  фарҳангии чорабинӣ  бо суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, сулҳ, ваҳдат хотираи ҳозиринро болида  намуд. 

     Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки бахшида  ба ин санаи таърихӣ  як чанд иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла  корхонаи истеҳсолии коркарди сангҳои ороишӣ  дар деҳаи Камари Муғул, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сангова, маркази хизматрасонии дар деҳаи Қалъаи Нав  ва гулгашти зебо дар даромадгоҳи шаҳри Роғун ба истифода  дода  шудаанд.

 

 

  Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа          Саидова Ш.Ҷ.