Корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷараён дорад

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар саросари  кишвари азизамон  бахусус  дар шаҳри Роғун  корҳои ободониву созандагӣ  мунтазам  вусъат  ёфта истодаанд. Ба хотири  истиқболи шоиста  аз ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи  нақшаи Раиси шаҳри Роғун  муҳтарам  Саидзода Сунъатулло  корҳои  созандагию ободонӣ  ва  бунёди як қатор  иншоотҳоро  ба роҳ модааст, ки ба муносибати  25 – умин  солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Мансур  иншоотҳои истеҳсолию хизматрасонӣ,  ки  дар пешравию ободонии  шаҳр 

муҳим  арзёбӣ  мешаванд, мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гирифт  ва сохтмони  дигар иншоотҳо  идома  доранд. Иншоотҳои  бунёдгардидаи минтақаи шаҳр, ки  ба аҳолӣ  хизмат  мерасонанд, ин корхонаи истеҳсолии коркарди сангҳои ороишӣ  дар деҳаи Камари Муғул, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сангова, маркази хизматрасонии дар деҳаи Қалъаи Нав  ва гулгашти зебо бо бунёди обшор, дар даромадгоҳи шаҳри Роғун ба истифода  дода  шудаанд, ки    ба ҳусни зебои шаҳри Роғун  ҳусни дигаре зам карда, шаҳри нурбори  моро боз ҳам назарраббою  дилкаш намудаанд.                                          

 

Хабарнигори рӯзнома