ВОХӮРӢ БО ХОДИМОНИ ДИН

       14.04.2022. Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун   дар асоси нақшаи кори  дасгоҳи раиси шаҳр бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр  Файззода Раҳматулло  вохӯрӣ бо ходимони дин ва раисони кӯчаю маҳаллаҳои қаламравӣ шаҳр гузаронида шуд.  Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои  даъвати ҷавонон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатпарварӣ, ҷамъоварии фитри рӯза ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ба камбизоатону ятимон дар моҳи шарифи Рамазон, вусъат додани  корҳои ободонӣ ва ташкили ҳашарҳои оммавӣ баҳри  ободиву зебоии деҳоту шаҳр,  пешгирии  ҳолатҳои сӯхтор ва дигар масъалаҳои муҳим баҳсу мулоҳизаҳо ҷараён гирифт.

       Муовини якуми раиси шаҳр Файззода Раҳматулло  зимни мулоқот ба иштирокчиён ҷиҳати ҳамкорӣ ва ташаббусу дастгириҳояшон дар самти пешбурди корҳои ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди шаҳр изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки мардуми заҳматқарини тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон монеаҳои сахту сангинро убур намуда, тавонистанд, ки дар зарфи начандон тӯлонӣ Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудӣ раҳонида, ба кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва ободу зебо табдил диҳанд.

         Ҳамзамон, Назаров А.- сархатиби масҷидҳои ҷомеъи шаҳр сухан карда,  сафарбар намудани ҷавонони далеру муқтадирро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки хизмат ба Ватан, модар ва халқу диёр нишони мардонагӣ ва шуҷоату матонат аст. Тавассути ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мо метавонем пеши роҳи шомилшавии онҳоро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бигирем ва дар бунёди ояндаи дурахшони фарзандонамон саҳмгузор бошем. Мавсуф  дар идомаи  суханронии худ оид ба ҷамъоварии фитри  рӯза ибрози ақида намуданд.

           Инчунин, Ҳисориев Зафар-роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр оид ба ободонию созандагӣ  сухан намуда,  таъкид карданд,  ки ободиву зебоии деҳоту шаҳр аз ҳамкориву ҳамдилии сокинони он вобаста аст. Бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият  пешниҳод гардид, ки тавассути ҳашарҳои умумӣ ва шанбегиҳои дастаҷамъона дар маҳалҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди иншооти маишиву ёрирасон, ба тартиб даровардани намои зоҳирии манзилҳои истиқоматӣ, шинонидани  ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва тозаву озода намудани маҳалли зист ба роҳ монда шавад.

       Дар идома Рустамов Мурод-сардори қисми 45-уми хадамоти оташнишонӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар бинои масҷидҳо, ташкили ҳавзҳо ва дигар масъалаҳои муҳим таъкидҳо ба амал оварда,  иштирокчиёнро ба эҳтиёт, сарфаҷӯйӣ ва ободкориву созандагӣ даъват намуданд.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                             Раҷабалиева  Шоира