КИШТИ БАҲОРӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

      Дар шаҳри Роғун бо мақсади вусъат бахшидани кишти баҳорӣ тибқи дурнамо 976 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ нақшабандӣ гардида, то ба имрӯз 594 гектар кишт гузаронида шуд, ки аз ин миқдор 286 гектар ғалладонагиҳо, 25 гектар зироатҳои равғандеҳ, 4 гектар картошка ва 279 гектар алафҳои хӯроки чорво ба қайд гирифта шуда, то имрӯз 61 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

       Дар соҳаи кишоварзӣ тухмипарварӣ низ яке аз самтҳои муҳимтарин ба шумор рафта, дар истеҳсолоти маводи озуқа мавқеи асосиро ишғол менамояд. Бо мақсади баровардани навъҳои нави растанӣ, рушди соҳа, баланд бардоштани сифати ғалладонагиҳо, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд, инчунин таъмин намудани деҳқонон бо навъҳои нисбатан серҳосили дорои сифатҳои хуби истеъмолидошта ва ба шароити маҳал мутобиқ, ки ба иқлими маҳал мутобиқ бошанд, ҳамасола аз тарафи хоҷагидорон ва соҳибкорони Ҷумҳуриамон ба шаҳри Роғун тухмиҳои хушсифат ба миқдори зарурӣ харидорӣ карда мешавад.

         Бо ҳамин мақсад, дар кишти баҳории-соли 2021 тавасути Дафтари Барномаи озуқаи ҷаҳонии фонди Оғохон 10 тонна тухмӣ репродуксионии элита навъи “Ред-скарлет” дастраси хоҷагиҳои хурди деҳқонии шаҳр гардонида шуд, ки дар натиҷа хоҷагидорон аз ҳар як гектар ҳосили дилхох ба даст оварда, хосили картошкаи руёнидашуда ба дигар хоҷагиҳо  бо тухмӣ репродуксионӣ расонида шуд.

Кайд кардан ба маврид аст, ки кишти баҳорӣ дар шаҳри Роғун бо маром идома дорад, ҷиҳати шудгори босифат дар шаҳр 10 адад тракторҳо мавҷуд мебошад, ки хоҷагидорон баҳри баланд бардоштани ҳосили дилхоҳ аз техникаҳои мазкур истифода мебаранд.

Вобаста ба бунёду барқароркунии боғҳои куҳна бошад, дар шаҳри Роғун то ба имрӯз 12,8 гектар боғи нав ва 3 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шуда, кор дар ин самт хуб ҷараён дорад.

Мудири бахши кишоварзӣ                                    Ғаюрзода Қ.