Корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Роғун
1.04.2022. Оғоз аз аввали моҳи баҳорӣ дар тамоми қаламрави шаҳри Роғун ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ, шинондани гулҳои ороишӣ дар кӯчаю гулгаштҳо, кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, тозаву озода кардани хонаву ҳавлиҳо, кӯчаву маҳаллаҳо ҳашарҳои умумӣ гузаронида мешаванд.
Имрӯз низ дар маркази шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯзи корҳои ободонию созандагӣ эълон шуда, сокинони шаҳр ва кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо ҳашарҳои умумишаҳрӣ гузаронида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳашарҳои умумишаҳрӣ гирду атрофи идораҳо, биноҳои истиқоматӣ, кӯчаю хиёбонҳо, гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ мунтазам тоза карда мешаванд. Илова бар ин, имрӯз дар назди тамоми идораҳо ниҳолшинонию дарахтшинонӣ аз ҷониби кормандон ҷараён дошта, корҳо дар ин самт идома дорад.
Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саъдуллоева Шаҳноза
Добавить комментарий