Наврӯзи оламафрӯз

 22.03.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Роғун ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ дар шаҳри Роғун як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир  гардид. Шаҳри Роғун барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2022» ба  таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони Роғуншаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд. Шиору  овезаҳои наврӯзӣ аз фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо байту гуфтаҳои  шоирону мутафаккирон ба ҳусни шаҳр намои тоза зам намудаанд.

       Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату осоиштагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад. Шоми 21 март барои  пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр  кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли навро пешвоз гирифтанд. Корвони наврӯзӣ бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон вориди базмгоҳи наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд. Дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  бо суханони табрикотӣ ҳозиринро шодбош гуфтанд. Дар ин чорабинии пуршукӯҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ, Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода  Темурҷон иштирок ва суханронӣ намуда,  паёми шодбошии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба мардуми шарифи Роғуншаҳр расонданд. Сипас, туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ ба як қатор шахсони хизматнишондода тақдим кардашуданд. Дар ин рӯз Наврӯзгоҳ ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони шаҳр ба ифтихори  ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор гардид.

      Таҷлили иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави шаҳр тавассути  барномаҳои  пуршукӯҳи идона, баргузории  барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии  кишвар,  арҷ  гузоштан ба мероси  пурғановати ниёгону  шукургузории сиёсати  фарҳангии  Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  сатҳи  баланди  худшиносию  меҳанпарастӣ сурат гирифт.                                                                                                                            Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира