Корҳои ободонию созандагӣ баҳри пешвози ҷашни байналмилалии Наврӯз
19.03.2022. Шуруъ аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳашарҳои умумишаҳрӣ гузаронида мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар ҳашарҳои умумишаҳрӣ гирду атрофи идораҳо, биноҳои истиқоматӣ, кӯчаю хиёбонҳо, гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ мунтазам тоза карда мешаванд.
Илова бар ин, ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ, шинондани гулҳои ороишӣ дар кӯчаю гулгаштҳо, кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, тозаву озода кардани хонаву ҳавлиҳо, кӯчаву маҳаллаҳо ҳашарҳои умумӣ гузаронида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар гулгашти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун корҳо дар ин самт фаъол гардонида шуда, тамоми кормандони мақомот баҳри ободию созандагӣ шанбегӣ гузарониданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий