БО ЗАБОН ҲАСТ ЗИНДА МИЛЛАТ

        Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорию таҳкими давлати миллӣ нақши муҳим мебозад. Забони модарии мо баъд аз қабули қонуни забон ва махсусан дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба таври бесобиқа густариш ёфта, беш аз пеш нақшу мақом ва манзалати хешро ба ҳайси забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам менамояд, ки аз сиёсати бунёдкорона ва кушишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати давлати ҳуқуқбунёд эътироф ёфтани кишварамон маҳсуб меёбад.

    Ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешавад, ки ин падида аз соҳибихтиёрии давлати тозаистиқлоли мо дарак медиҳад. Забон ҳамчун ҷузъи фарҳангии миллист. Он ҳувият ва худогоҳии миллати моро дар худ таҷассум карда, моро ба сӯи хештаншиносӣ ҳидоят месозад. Арзишмандтарин мероси гаронбаҳои аҷдодони мо дар баробари дигар арзишҳои миллӣ, бароямон забон ба ҳисоб меравад ва мебояд, ин гавҳараки ноёбро поку муссафо бидорем, нагузорем, ки ба забони ноби тоҷикӣ лакнате падид ояд. Қадри  забони модарии мо баробари қадри модари азизамон бароямон волою муқаддас аст.

               Дар ҷаҳон ҳар миллатеро зинда медорад забон,

               Бо забон ҳаст зинда миллат дар ҳама давру замон.

               Миллате гар гум кард лафзу забони модараш,

               Номи он миллат шавад гум аз замину аз ҷаҳон…

  Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                Нодиршоева М.А.