Чорабинӣ бахшида ба рӯзи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   

 

Рӯзи 4-уми октябри  соли 2021 дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии шаҳри Роғун  бахшида ба  рӯзи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинӣ баргузор гардид.  Дар чорабинӣ  Раиси шаҳри Роғун роҳбарони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар баромад намуда, ҳозиринро ба ин сана  табрику муборакбод  гуфта, дар баромади хеш  зикр намуданд, ки  хизмат ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми ватан дар зери парчами нангу номус  ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд. Шоистаи  таъкид  аст,  ки  мо  ҳама  дар  назди  халқу  Ватан  вазифадор  ҳастем,  ки  сулҳи  пойдор  ва  тамомияти арзиву якпорчагии  Тоҷикистони  азизро  чун  гавҳараки  чашм  эҳтиёт  намоем,  зеро  хизмат  кардан  ба  Ватан  шарафи  бузург  ва  қарзи шаҳрвандии  ҷавонони  бонангу  номуси  миллат  маҳсуб  меёбад.

 Инчунин, қайд намуданд, ки маҳз бо  шарофати Истиқлолият ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тоҷику тоҷикистониён зери ливои сулҳу осоиштагӣ  бо хотири ҷамъ зиндагонӣ менамоянд.

Сипас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон ба сафи Қувваҳои  мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аскарбачагоне, ки ихтиёран баҳри  ҳифзу ҳимояи ватан саф ороста буданд, бо шаҳодатномаи ронандагӣ  сарфароз гардонида шуданд. Бояд зикр кард, ки модарон фарзандони далеру шуҷои худро аз рӯи расму русум  бо газ гирифтани кулчаҳои равғанӣ бо умеди адо намудани хизмати Модар –Ватан ва сиҳату саломат  ба хона баргаштан дуо доданду гусел намуданд.

Қисмати фарҳангии чорабиниро хунармандони қасри фарҳанг бо созу навои худ дилработар  намуданд. Қобили қайд аст, ки ин сана ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дарки баланди ватандӯстию шуҷоат таҷлил мегардад.      

  Сармутахасиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                Раҷабалиева Шоира У.