Муқовимати дастаҷамъона алайҳи коррупсия
Коррупсия аз ҷумлаи амалҳои номатлубе мебошад, ки садди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бояд бар зидди он дастҷамъона мубориза барем. Ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, дар амалишавии он тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъол гардидааст. Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар ин замина 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттахид дар тамоми ҷахон эълон карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия ҳуҷҷати мазкурро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд. Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии ин мақомот аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад. Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, таҳия ва ду маротиба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 11 декабри соли 1999 ва аз 25 июли соли 2005, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 қабул намудани “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” ва дигар санадҳои зериқонунӣ аз ҳамин қабиланд. Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудааст. Зикр кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, таҳияи давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Стратегияи зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат баҳри амалӣ намудани мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро роҳандозӣ карда, баҳри татбиқи он дар ҷомеа тадбирҳо андешида, ба дастовардҳо ноил гардидааст. Пешвои миллат дар сухангӯӣ, суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон пайваста дар ин мавзӯъ таъкид менамоянд. Аз ҷумла: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”. Моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудааст, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, субъектҳои муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб мераванд. Мубориза бар зидди коррупсия дар чаҳон ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯбарӯ нашудаву алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун низ пайваста бо кормандони шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия фаъолият дорад, ки барои тарбия намудани кадрҳо дар руҳияи садоқат ба Ватан, дасту дили пок ва поктинатӣ дар хизмати давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, пайваста бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида, пайомадҳои нохуши амалҳои коррупсионӣ, зиёни моддиву маънавии онро ба аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ маънидод мекунанд. Барои дар амал татбиқ намудани муқовимат алайҳи коррупсия раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеа зарур аст. Бо мақсади амалӣ намудани муқовимат ба коррупсия мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо фаъолони маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорону табибон, кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Бояд таъкид кард, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий