ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Санаи 7-уми сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон, Роҳбарияти мақомоти қудратии шаҳри Роғун ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳо  дар майдони марказии шаҳр паради ҳарбӣ баргузор гардид. Таҷлили ҷашни бузургу таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо расми гузаштани  700 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун, кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Роғун аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, воҳиди низомии Қувваҳои мусаллаҳ,  ҷузъу томҳои  сохторҳои қудратӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар корхонаю ташкилотҳо  оғоз гардид. Пеш аз оғоз гадидани  паради ҳарбӣ оид ба омодагии гузашти парад ба Раиси шаҳр комиссари комиссарияти  ҳарбии шаҳри Роғун  Асилзода Фаррух гузориш дод. Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон бо арзи сипос  тамоми иштирокчиёни паради ҳарбиро бо Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба дастоварди бузурги таърихӣ,  Истиқлолияти давлатии кишвар ва  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он барои муҳофизати Истиқлол ва тамоми арзии он таъин гардида, баҳри таъмини сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва пойдории иттиҳоду ваҳдат хизмати арзанда мекунад ибрози ақида намуд.  Дар суханронии Раиси шаҳр инчунин қайд гардид, ки   “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқолол  буда, дар шароити басо вазнин таъсис дода шудааст. Дар муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ  ҷузъу томҳои он  бо нерӯи қудратманди  низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осоиштаи  мамлакат табдил ёфта, ҳоло  ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунад…

    Ҳамин тавр дар фазои сулҳу суботи кишвари азизамон  бо рӯҳияи болидаю шукри бепоён аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои ҷашнии 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардиданд.

             Сармуҳаррири Рӯзномаи шаҳрии “Нури Роғун”          Давлатова Зебо