30 СОЛИ ПЕШРАВИЮ САРФАРОЗИИ РОҒУН
Роғун дар миёни шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азиз ва берун аз он, ки дорои бузургтарин иншооти аср аст, ҳамчун диёри номдор ва стратегӣ шинохта шудааст. Қуллаҳои сарбаланду табиати афсункор, ки шаҳрро дар оғӯши худ гирифтаанд, Роғунро дар назар чун шаҳри афсонавӣ ҷилва менамоянд. Дар замони ҷанги дохилии кишвар шаҳри Роғун низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёну зарари зиёд дида, аз ҷумла бузургтарин НБО-и шаҳр, ки сохтмонаш идома дошт аз фаъолият бозмонд. Ҳарчанд, ки ин мавзеъ аз сӯхтанҳою оташзаданҳо каме эмин монда бошад ҳам, аммо сӯхтану оташ заданҳо ва ғорату аз байн бурданҳои Тоҷикистон Роғунро низ ба вайронагоҳе табдил дода буд. Муассисаю ташкилотҳо аз фаъолият монда, бинои хонаҳои баландошёна, корхонаҳо, мактабу мағозаҳо фарсудаю вайрона гардиданд. Ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш дар қатори шаҳру ноҳияҳои кишвар Роғунро ба деҳаи назарногире мубаддал гардонд. Аммо бо сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, иқдому азму талошҳои пайгиронаву пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иродаи қавии мардуми бонангу номуси ин диёри хушбоду ҳаво имрӯзҳо шаҳри Роғун ба шаҳри пешрафтаю назаррабо табдил гардидааст. Давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди шаҳри Роғун сохта ба истифода додани 2 агрегати НБО Роғун, ки агрегати 1-уми он моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юми он моҳи сентябри соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бунёду барқарорсозии иншоотҳои иҷтимоӣ аз қабили муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ба роҳ монда шуда 10 муассисаҳои таълимӣ ва 1 коллеҷи муҳандисию техникӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Ҷавонӣ, Сангова, Ғофилобод, Чашмаи Кулло, Сайидон, Ёли Гармоба, деҳаи Қандак, Шоҳи Арслон, кӯчаи Майдони Нав, Печакзор ва маркази шаҳр, сохтмони 3 адад синфхонаи иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳоти Қади Об, сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №7–и деҳаи Деҳқонобод, таъмири пурраи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3, барқарорсозии буғхона дар муассисаҳои таълимӣ, сохтмони хобгоҳ барои омӯзгорон дар Ҷамоати деҳоти Сичироғ ба истифода дода шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳр Роғун маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр, азнавсозии биноҳои шуъбаи вазорати корҳои дохила, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сохтмони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, меҳмонхонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шабакаҳои барқӣ, ва сохтмони биноҳои маъмурии идораҳои СУД, Комиссариати ҳарбӣ, бинои осорхона, 2-боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, толори қасри фарҳанги маркази шаҳр, хадамоти оташнишонӣ дар ҳудуди ҶСК «НБО Роғун», бинои ҶДММ «ТГЭМ», биноҳои филиали «Ориёнбонк», сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, маориф, КИ ҲХДТ, 6-осоишгоҳҳои замонавӣ, сехи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Оби кӯҳсор», таъмири хатҳои барқ дар аксари деҳаҳо, ободонӣ ва кабудизоркунии
роҳравҳо ва гулгаштҳои тамоми қаламрави шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, рангу бор ва равшаннамоии биноҳои баландошёна, мумфарш намудани роҳи деҳаҳои Ёли Гармоба ва Ҷавонӣ, тахту ҳамвор ва сангфарш намудани роҳҳои деҳаҳои Дараи Тутак, Қандак, Дуст Солеҳ ва Деҳқонободи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, деҳаҳои Қалъаи Нав,Чашмаи Кулло, Ҷавонӣ, Гули Сурх, Сангова, Чормағз, Пору, Навобод, Ёли Гармоба Фарррухон, ва Ғофилободи Ҷамоати деҳоти Қади Об, деҳаҳои Коавокдара, Деҳи Бустон, Сайидон, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бег ва Себноки Ҷамоати деҳоти Сичироғ, азнавсозӣ ва таъмири роҳи 300 метраи маркази шаҳр, таъмири роҳи кӯчаи 25 солагии Истиқлолият, сохтмони майдончаи варзишии хурд дар кӯчаи Ҳоким Зайд, сохтмони меҳмонхона, ошхона, қаҳвахона ва осоишгоҳ дар шаҳраки Оби Гарм, сохтмони чойхона, меҳмонхона, интернеткафе, нонвойхона, сехи дузандагӣ ва утоқи корӣ дар маркази шаҳр, сохтмони мағоза, дорухона, шустушӯи мошинҳо, таъмири нақлиёт, сартарошхона, дукони гӯшт, ҳамом, сартарошхона, туйхона ва толори варзишӣ дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Қади Об, сохтмони маркази савдо, ошхона сартарошхона, дорухона, сехи дузандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 25 солагии Истиқлолият, 2 адад масҷиди марказӣ ва ҷомеъ, 4 адад гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, 10 истгоҳҳои замонавӣ, 30 адад инфрасохторҳои соҳаи сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхонаҳо, ҳоҷатхонаҳо, ошхонаҳо, муҷассамаҳои ҳайвоноти нодир, зиёда аз 30 адад лавҳаҳои таблиғотӣ, сохтмони сардхона дар деҳаи Чашмаи Куллои Ҷамоати деҳоти Қади Об, Сохтмони маркази табобатӣ дар ҷамоати деҳоти Ҷавонии деҳоти Қади Об, таъмир ва барқарорсозии лифти беморхонаи маркази шаҳр, дар ҳамаи марказҳои саломатии шаҳр ташкил намудани утоқи алоҳида барои хатнаи кӯдакон ва таваллуд, 2 маркази саломатӣ ва бунгоҳои тиббӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва ғайра аз дастовардҳое мебошанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадаанд, ки дар пешрафту шукуфои ва афзудани ҳусни шаҳр нақши арзанда доранд. Баҳри иҷро гардидани Амри Президенти мамлакат «Оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр саъю талоши зиёд намуда то ба имрӯз бандҳои нақшаи пешбинишуда ба иҷро расонида шудааст. Дар қатори сохтмонҳои дар боло зикргардида, дар арафаи ҷашни 30 соли Истиқлолияти давлатӣ якчанд иншооти барои ҳоҷагии халқ муҳим арзёбандашаванда; Маркази саломатӣ барои 50 нафар ҷои хоб ва омӯзишгоҳи тиббӣ, ки иборат аз се ошёна аст дар шаҳраки Оби гарм сохта шуд, ки ин дастовард барои дастгирии толибилмон дар соҳаи тандурустӣ айни муддаост. Ба ғайр аз ин, сохтмони чойхонаю толори варзишӣ ва мурғхона дар деҳаи Қалъаи нави ҷамоати Қади об, маркази ташхисию табобатӣ дар деҳаи Қади об, Ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Луғури болои ҷамоати Сичароғ, ҳавзҳои моҳипарварӣ дар ҷамоати Сичароғ, маркази ҷамъиятӣ иборат аз чойхона, сартарошхона, дорухона, толори варзишӣ дар кӯчаҳои Ҳокими Зайд ва Сохтмончиёни маркази шаҳр ва чандин иншоотҳои таъиноташон гуногуни дигар сохта ба истифода дода шуданд, ки дар кушодашавии иншоотҳои номбурда, намояндаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Раис шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар Сулаймон, инчунин намояндагони сохторҳои қудратии шаҳр иштирок доштанд.
Зебо Давлатова
Добавить комментарий